





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда бошад, ба дӯзах ворид мешавад".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огоҳ фармудааст, ки ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Аллоҳ чизеро шарик наоварда бошад, ҷойгоҳаш биҳишт аст, агарчи барои бархе аз гуноҳонаш азоб хоҳад дид. Аммо касе дар ҳоле бимирад, ки ба Аллоҳ ширк оварда бошад, ҷойгоҳаш ҷовидонӣ дар дӯзах аст.
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Зиёдаравон ҳалок шуданд" ва Паёмбари Худо ин суханро се бор такрор намуданд.
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ноумедӣ ва бохти зиёдаравону ифроткунандагон, ки бе илм ва дарки роҳи дуруст, дар дину дунё ва гуфтору кирдорашон аз ҳудуди шаръӣ ва ончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) овардааст фаротар қадам мегузоранд, хабар додааст.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад".
At-TirmidhiПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳар касе ба шахсе, ки аз ӯ қарздор аст муҳлат диҳад ё аз қарзи ӯ кам кунад, подошаш он аст, ки вақте рӯзи қиёмат хуршед бар сари бандагон наздик мешавад ва гармияш болои онҳо шиддат меёбад, Худованд ӯро зери сояи арши Худ қарор медиҳад, рӯзе, ки дар он касе ҷуз сояи Худованд соя нахоҳад ёфт.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд ба касе хайр бихоҳад, ӯро мавриди ибтило қарор медиҳад".
Al-BukhariПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳаргоҳ Худованд барои касе аз бандагонаш хайр бихоҳад, ӯро дар ҷону мол ва хонадонаш мавриди озмоиш қарор медиҳад, ки банда бо дуо ва тазарруъ ба Парвардигораш мутавассил мешавад, ки ба сабаби он гуноҳонаш бахшида ва соҳиби манзилати боло мегардад.
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш ривоят оварда мефармояд: "Ҳамоно Аллоҳ некиҳо ва бадиҳоро навишта сипас онҳоро баён фармудааст, пас касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом дода натавонад, Худованд барои ӯ як ҳасанаи комил менависад. Агар касе қасди анҷоми кори некеро кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барои ӯ аз даҳ то ҳафтсад баробар ҳасана ва ҳатто бештар аз он менависад. Агар касе қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, Худованд барои ӯ як ҳасана менависад, аммо агар қасд кунад ва онро анҷом диҳад, Худованд барояш танҳо як бадӣ менависад".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки Худованд некӣ ва бадиҳоро муқаррар намуда сипас бар ду фаришта чигуна навиштани онҳоро баён фармудааст: Ҳар кӣ ирода ва қасди анҷоми амали нек кунад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад, агарчи онро анҷом надиҳад. Аммо агар онро анҷом диҳад аз даҳ то ҳафтсад ҳасана ва ҳатто бештар аз он барои ӯ навишта мешавад, ки он вобаста аст ба ихлос дар қалб ва бештар расонидани нафъ бар дигарон ва амалҳои дигаре ҳаммонанди он. Ҳаркӣ ирода ва қасди анҷоми амали нораво кунад ва онро анҷом надиҳад, барои ӯ як ҳасана навишта мешавад, аммо агар ба сабаби машғул будан ва набуди фурсат барои анҷоми авомили расидан ба он онро тарк намояд чизе барои ӯ навишта намешавад. Агар ба сабаби аҷз ва нотавонӣ онро тарк намояд ончи дар қалб дошт навишта мешавад, аммо дар сурати анҷоми он барояш танҳо як гуноҳ навишта мешавад.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд ба сурат ва моли шумо нигоҳ намекунад, балки ба дилҳо ва амалҳои шумо менигарад".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудаанд, ки Худованд ба ҷисм ва чеҳраи бандагон наменигарад, ки зишт аст ва ё зебо? Тани бузург дорад ва ё кӯчак? Солим аст ё носолим? Ба дорои онҳо наменигарад, ки зиёд аст ва ё кам? Худованд бандагонро бар асоси умури мазкур ва тафовуташон дар он бозхост ва муҳосаба намекунад, балки ба қалб ва андозаи сидқу ихлос ва тақво, ё аз рӯи худнамоӣ аст ё риё, менигарад. Ба амалҳои онон назар карда мешавад, ки нек ва дуруст аст ё фосид ва сипас бар асоси он ҷазо ва подош дода мешаванд.
Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: "Рӯзе мо назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста будем, ногоҳ марде зоҳир шуд, ки дар тан либосҳои бисёр сафед ва мӯйи сари бисёр сиёҳ дошт ва ҳеҷ асаре аз сафар (гард ва ғубор) бар ӯ дида намешуд ва касе аз мо низ ӯро намешинохт. Ӯ назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаст ва зонуҳои худро бар зонуҳои он ҳазрат расонида кафҳои дастонашро болои ронҳояш гузошт ва гуфт: "Эй Муҳаммад маро аз Ислом хабар деҳ!" Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар бод) гуфт:" Ислом ин аст, ки: шаҳодат бидиҳӣ нест маъбуде барҳақ ҷуз Худо ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, намозро барпой дорӣ, закот бидиҳӣ, рӯзаи моҳи Рамазон бидорӣ ва ҳаҷҷи Хона бикунӣ, агар тавонои онро дошта бошӣ". Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ". (Умар Худованд аз ӯ розӣ бод) мегӯяд: "Мо аз он мард таъаҷҷуб кардем, ки худ суол мекунад ва боз мегӯяд: "Рост гуфтӣ". Он мард боз аз Паёмбари Худо пурсид: "Маро аз имон хабар бидеҳ?". Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Имон ин аст, ки ба Худо, ба фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ ва ба рӯзи охират имон дошта бошӣ, ҳамон гуна, ки ба тақдир ва неку бади он имон дошта бошӣ". Он мард гуфт: "Рост гуфтӣ ва сипас гуфт: маро аз эҳсон хабар бидеҳ?" Паёмбари Худо гуфт: "Эҳсон он аст, ки Худоро онгуна бипарастӣ, ки гуё Ӯро мебинӣ, агар ту Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад". Он мард гуфт: "Аз (омадани) рӯзи қиёмат маро хабар деҳ!" Паёмбари Худо гуфт: "Дар ин маврид шахсе, ки аз ӯ суол мекунед донотар аз суолкунанда нест". Он мард гуфт: "Пас аз нишонаҳои он рӯз маро бигӯ!" Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Аз нишонаҳои қиёмат ин аст, ки каниз (зан) хоҷаи худро зояд ва фақирони луч ва пойбараҳна, ва чӯпононро бубинӣ, ки дар қасру баландошёнасозӣ бо ҳам сабқат кунанд". Сипас он мард бархост ва аз назди мо рафт. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз андаке аз ман пурсид: "Эй Умар! Оё медонӣ ин марди суолкунанда кӣ буд?" Умар гуфт: "Худо ва паёмбараш беҳтар медонанд" Паёмбари Худо Гуфт: "Ӯ Ҷабраил аст, омада буд то барои шумо динатонро биомӯзад".
MuslimУмар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) хабар медиҳад, ки Ҷабраил (Алайҳи салом) дар сурати марди ношиносе ба назди саҳоба омад, ки либосаш бисёр сафед ва мӯи сараш бисёр сиёҳ буд ва асаре аз сафар, монанди гарду ғубор, либоси чиркин ва мӯйҳои пароканда дар ӯ дида намешуд, ва касе аз ҳозирин, ки назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста буданд низ ӯро намешинохт. Сипас ӯ назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамчун як шахсе, ки мехоҳад чизе биомӯзад нишаст ва ӯ (с)-ро аз Ислом пурсид ва Паёмбари Худо дар посух ба ӯ рукнҳои зерро номбар фармуданд: бар забон овардани калимаи шаҳодатайн, барпо доштани намозҳои панҷгона, адо кардани закот, рӯза доштани моҳи Рамазон ва Ҳаҷ кардан барои касе, ки тавони онро дорад. Вақте суолкунанда ба Паёмбари Худо гуфт: рост гуфтӣ, саҳобагон дар таъаҷҷуб омаданд, ки чигуна шахсе мехоҳад чизе биомӯзад боз дар айни ҳол тасдиқ мекунад. (Яъне посухро худ аз пеш медонад). Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро аз имон пурсид, ва ӯ (с) дар посух аркони шашгонаро зикр намуданд, ки иборатанд аз: имон ба вуҷӯди Аллоҳ ва сифатҳои Ӯ Таъоло, ягонагии Ӯ Таъоло дар афъолаш, ба монанди халқ кардан, ягонагии Ӯ Таъоло дар ибодаташ, имон ба фариштагон, ки Худованд онҳоро аз нур офарида аст ва онон бандагони гиромие ҳастанд, ки нофармонии Худовандро намекунанд ва бо амри Ӯ Таъоло амал мекунанд, имон ба китобҳои нозилшуда бар паёмбарон, ба монанди Қуръон, Таврот, Инҷил ва дигар китобҳо, имон ба паёмбарон, ки дини Худоро нашр мекунанд, ба монанди Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо ва охирин паёмбар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ҳамаашон бод) ва дигар расулон ва паёмбарон. Имон ба рӯзи қиёмат, ки шомили марҳилаҳои баъд аз марг аст, ба монанди қабр, олами барзах ва инки инсон пас аз мурдан зинда карда шуда мавриди ҳисоб қарор мегирад ва сарнавишти ӯ ё ба сӯи биҳишт аст ё ба дӯзах, имон доштан бар инки Худованд тақдири ҳама мавҷудотро мувофиқ бо илми қадими Худ ва иқтизои ҳикмат ва иродааш қарор дода аст ва чигунае ки Ӯ Таъоло муқаддар сохтааст ҳамонгуна офарида ва воқеъ мешавад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)- ро аз эҳсон суол намуд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки эҳсон яъне Худовандро чунон ибодат кунад, ки гӯё Ӯ Таъолоро мебинад, агар ба ин мартаба даст наёфт пас Худовандро чунон ибодат кунад, ки Аллоҳ ӯро мебинад. Мартабаи аввал мартабаи мушоҳада аст, ки болотарин мартаба ва мартабаи дуввум мартабаи муроқибат аст. Сипас аз замони вуқӯъи қиёмат пурсид? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки донистани замони вуқӯъи қиёматро Худованд ба худ ихтисос додааст ва касе аз махлуқот онро намедонад, на суолкунанда ва на шахси суолшуда. Сипас Паёмбари Худоро аз нишонаҳои қиёмат пурсид. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки яке аз нишонаҳои наздик шудани қиёмат зиёд шудани канизон ва фарзандони онон, ё ҳамон бадрафтории фарзандон бо модаронашон аст, ки гӯйӣ бо каниз ва зердасти худ рафтор мекунанд, ва инки дунё чунон бар чӯпон ва фақирон рӯй меорад, ки дар сохт ва ороиши қаср ва баландошёнаҳо бо ҳам фахрфурушӣ мекунанд. Пас аз онки ӯ аз назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мунсариф шуд Паёмбари Худо хабар доданд, ки он шахс Ҷабраил буд, омада буд то ин дини ҳанифро бар саҳобагон биомӯзад.
Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ривояте аз Аллоҳ Таборак ва Таоло меорад, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Эй бандагони Ман! ҳамоно ман зулмро бар Худ ҳаром гардонидам ва онро дар байни шумо низ ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулм накунед!. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе, ки ӯро ҳидоят кардаам, пас аз Ман роҳи рост талаб кунед, то шуморо роҳнамоӣ кунам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гуруснаед, магар касе, ки ӯро таом додаам, пас аз Ман талаб кунед то шуморо бихуронам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо бараҳнаед, магар касе, ки ӯро пӯшонидаам, пас аз Ман бихоҳед то шуморо бипӯшонам. Эй бандагони Ман! Шумо шабу рӯз хато мекунед ва Ман ҳастам, ки гуноҳонро мебахшам, пас аз Ман омӯрзиш биталабед, то шуморо биомурзам. Эй бандагони Ман шумо ҳаргиз наметавонед ба Ман зараре бирасонед ва ҳаргиз фоидае бар Ман наметавонед бирасонед. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо, инс ва ҷинни шумо ҳама бар парҳезгортарин қалби фарде аз шумо (ҷамъ) оянд, ҳеҷ чизе дар мулки Ман намеафзояд. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама бар бадкирдортарин қалби як фарде аз шумо (ҷамъ) оянд ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намекунад. Эй бандагони Ман! агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама дар як майдон (ҷамъ) оянд ва аз Ман хоҳиш кунанд ва ба ҳар яки шумо ончи мехоҳандро бидиҳам, ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намешавад, магар ба андозаи як сӯзан, ки дар баҳр фурӯ бурда шавад. Эй бандагони Ман! Ин амалҳои шумо аст, ки онҳоро барои шумо бармешуморам, сипас (подоши) онҳоро барои шумо комил медиҳам, пас ҳар кӣ хайр ва некӣ дарёфт Худоро ҳамд гӯяд ва ҳар кӣ ғайри онро дарёфт, ҷуз худаш касеро маломат накунад".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки Худованд мегӯяд Ӯ зулмро бар худ ҳаром гардонидааст ва ҳамингуна дар миёни бандагон низ онро ҳаром гардонидааст, то касе бар касе зулм накунад. Ҳама аз роҳи ҳақ гумроҳанд, магар бо ҳидоят ва тавфиқи Худовандӣ, ва ҳар кӣ аз Худованд ҳидоят ва тавфиқ бихоҳад, ӯро тавфиқ ва ҳидоят медиҳад, Ҳама фақир ва дар ниёзҳои худ муҳтоҷи Худованд ҳастанд ва ҳар кӣ барои рафъи онҳо аз Худо бихоҳад, Ӯ Таъоло ҳоҷатҳояшро бароварда ва ӯро басанда хоҳад буд. Онҳо шабу рӯз гуноҳ мекунанд ва чун аз Худованд талаби омӯрзиш ва пӯшиши гуноҳон кунанд, Худованд онҳоро мавриди омӯрзиш қарор дода гуноҳони онҳоро мепӯшонад, ва онон ҳеҷ зарар ва ё нафъе ба Худо расонида наметавонанд, Агар онҳо ҳамагон яксон ба монанди як парҳезгортарин фард бошанд, тақвои онҳо дар мулки Худованд чизеро изофа нахоҳад кард, ва ҳамингуна агар ҳамаи онҳо яксон дар қалби як бадкирдортарин фард бошанд, кирдори онҳо чизе аз мулки Худованд кам намекунад, зеро онҳо ҳама нотавон, фақир ва ниёзманд ба Аллоҳ Таоло, дар ҳар замон ва макон ҳастанд ва Ӯ Таъоло бениёз аст. Агар ҳамаи онҳо - инсу ҷин ва аввалину охиринашон - дар як ҷой ҷамъ оянд ва аз Худованд бихоҳанд ва Ӯ Таъоло талаби тамоми онҳоро бароварда созад, чизе аз мулки Худованд кам намекунад, магар миқдори сӯзан ки дар баҳр андохта ва берун оварда мешавад, ки ин далели камоли бениёзии Ӯ Таъоло аст. Худованд амалҳои бандагонро ҳисоб ва назди Худ нигоҳ медорад ва дар рӯзи қиёмат подоши онҳоро ба пуррагӣ бармегардонад. Пас ҳар кӣ подоши амалашро нек ёфт, Аллоҳро барои тавфиқи тоаташ шукр гӯяд, ва ҳар кӣ подоши амалашро ғайри он ёфт, ҷуз нафси худ, ки ӯро ба сӯи зиёнкорӣ далолат мекард, касеро маломат накунад.
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе пушти сари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (бар маркаб нишаста) будам, ки фармуданд: "Эй ҷавон! Ба ту чанд панд меомӯзонам, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад, (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, ӯ Таъолоро пеши рӯи худ биёбӣ. Агар чизе мехоҳӣ, аз Худо бихоҳ ва агар ёрӣ мехоҳӣ аз Худо ёрӣ бихоҳ. Бидон агар тамоми мардумон ҷамъ оянд, то туро ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ончи Худо бар ту навиштааст, ва агар тамоми мардумон ҷамъ оянд то бар ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд магар ончи, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва саҳифаҳо хушк шудаанд".
At-TirmidhiИбни Аббос (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунад, ки хурдсолӣ дар маркабе пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савор буд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: ман ба ту чанд чизе таълим медиҳам, ки Худованд бо онҳо туро манфиат медиҳад: Худовандро бо риояи фармудаҳо ва дурӣ аз навоҳияш бо худ бидонед, ба гунае, ки Ӯ Таъоло туро дар тоату ибодат ба Худ бинад, на дар гуноҳон ва нофармонӣ. Агар ингуна амал кунед, Ӯ Таъоло шуморо аз балоҳои дунё ва охират дар паноҳаш нигоҳ медорад ва ҳарҷо ки бошед Худо ба шумо нусрат медиҳад. Агар чизе мехоҳӣ фақат аз Худо бихоҳ, зеро танҳо Ӯ Таъолост, ки ба суолкунандагон посух мегӯяд. Агар ёрӣ мехоҳӣ фақат аз Худо бихоҳ. Ба яқин бидон, ки агар аҳли замин ҳама ҷамъ оянд, то барои ту манфиат бахшанд, суде ба ту нахоҳад расид, магар ончи Худованд навишта аст, ва агар аҳли замин ҳама ҷамъ оянд, то ба ту зиёне расонанд, зиёне ба ту нахоҳад расид, магар ончи Худованд муқаддар сохта аст. Худованд ин корро навиштааст ва бар асоси илм ва ҳикмати Ӯ Таъоло муқаддар сохта шудааст, ва ончи Худованд навишта аст тағйире надорад.