





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад".
Al-BukhariПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур медиҳад, ки ҳарчи аз номи ӯ расонида мешавад бояд аз Қуръон ва Суннат бошад, агарчи андаке бошад, ба монанди ояте аз Қуръон ё ҳадисе аз фармудаҳои ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ба ин шарт, ки ҳар касе онро ба мардум мерасонад худ онро фаро гирифта ба дарки маънои он бирасад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки нақли қавл аз Бани Исроил ва воқеаҳое, ки болои онҳо омадааст, ба гунае, ки мухолиф бо шариати мо нест, ишколе надорад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳушдор доданд, ки аз номи ӯ дурӯғ нагӯянд ва ҳар касе дониста бар ӯ дуруғе нисбат диҳад, ҷойгоҳашро дар дӯзах омода сохтааст.
Аз Миқдом ибни Маъдикариб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Огоҳ бошед, ки чи басо ҳадиси ман ба марде бирасад ва ӯ дар ҳоле ки бар тахту такягоҳи худ такя задааст бигӯяд: миёни ману шумо китоби Аллоҳ аст, пас ҳарчиро Қуръон ҳалол гуфтааст ҳалол ва ҳарчиро ҳаром гуфтааст ҳаром медонем, ҳоло онки он чиро Расули Худо ҳаром гуфтааст, ҳамон аст, ки Аллоҳ онро ҳаром гардонида аст".
Ibn MaajahПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ кардаанд, ки замоне наздик шудааст, ки гурӯҳе нишастаанд ва яке аз онҳо бар такягоҳаш такя задааст ва ҳадиси паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ мерасад, ва ӯ мегӯяд: чизе, ки миёни мо ва шумо файсала мекунад Қуръон аст ва барои мо он басанда аст, ҳарчиро Қуръон ҳалол гуфтааст ҳалол медонем ва ҳарчиро ҳаром гуфтааст аз он дурӣ меҷӯем. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки ҳар чизеро ӯ дар суннаташ ҳаром гардонидааст, монанди он аст, ки Худованд дар китобаш онро ҳаром фармудааст, чун ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) паёмрасоне аз ҷониби Парвардигораш аст.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Худоё! қабри маро чун бутхона магардон, Аллоҳ лаънат кунад қавмеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро масҷид гирифтаанд".
AhmadПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи Парвардигор дуо фармуд то қабри ӯро монанди буте ки парастида мешавад ва сӯи он саҷда гузошта мешавад, нагардонад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ фармуданд, ки Худованд касонеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро ҳамчун масҷид гирифтанд аз раҳматаш дур ва ронда кардааст, зеро масҷид қарор додани он чизе ҷуз васила ва баҳона барои ибодат ва эътиқод доштанд ба онҳо нест.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармудааст: Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки Аллоҳ Таъоло худ фармудааст, ки пок аз ҳар гуна шарик аст, Ӯ Таъоло аз ҳама чиз бениёз аст, агар банда амалеро барои Худо ва дар айни ҳол барои ғайри Худо анҷом диҳад, Аллоҳ ӯро раҳо намуда аз ӯ намепазирад ва амалашро ба соҳибаш бармегардонад, Амал бояд танҳо барои ризои Худованд бошад, зеро Ӯ Таъоло танҳо амалеро мепазирад, ки фақат барои Ӯ Таъоло анҷом дода мешавад.
Аз Ҷундуб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паембари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро панҷ рӯз пеш аз маргаш шунидам, ки мегуфт: "Бидонед ман ба даргоҳи Аллоҳ бароат ҷустаам, ки аз миёни шумо халиле (дӯсте) дошта бошам, зеро Аллоҳ таоло маро халили худ гардонидааст, чунончи Иброҳимро халили худ гардонида буд, агар аз миёни умматам халиле мегирифтам, бешак Абубакрро халили худ қарор медодам. Огоҳ бошед, ки пешиниёни шумо қабрҳои паёмбарони худро масҷид мегирифтанд, шуморо ҳушдор медиҳам, ки қабрҳоро масҷид қарор надиҳед, ман шуморо аз ин кор бозмедорам".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро аз мақоми худ назди Аллоҳ Таъоло хабар додааст, ки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба баландтарин мақоми муҳаббат назди Худованд расидааст, Чунончи Иброҳим (Алайҳис-салом) ба он расида буд. Бинобар ин ҷуз Аллоҳ халили касе буданро напазируфтанд, зеро қалби ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пур аз муҳаббату азамат ва шинохти Парвардигор буд, ки гунҷоиши муҳаббати касе ҷуз Аллоҳро дар он нест. Агар аз миёни бандагон касеро халили худ қарор медод ӯ Абубакри Сиддиқро (Худованд аз ӯ розӣ бод) буд. Сипас Паёмбари Худо ҳушдор додаанд, ки набояд фаротар аз ҳудуди муҳаббат қадам гузошта шавад, чунончи яҳуд ва насоро дар мавриди қабрҳои паёмбарон ва солеҳони худ муртакиби ин хато шуда ононро дар баробари Ӯ Таъоло маъбуди худ қарор доданд ва бар қабрҳои онҳо масҷид ва маъбад бино карданд. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) умматашро аз ин амалкарди онҳо манъ фармуданд.
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ мардеро дид, ки мегуфт: савганд ба Каъба, Ибни Умар гуфт: ғайр аз Аллоҳ ба чизе дигар савганд ёд карда намешавад, зеро ман Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст".
At-TirmidhiПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ ва ному сифатҳои Ӯ Таъоло савганд ёд кунад куфр ба Аллоҳ ва ё ширк варзидааст, зеро савганд ба чиз ё ба касе маънои бузургдошт ва таъзими онро дорад, дар ҳоле, ки таъзим ва бузургдошт танҳо барои Аллоҳ аст. Пас бояд танҳо ба Аллоҳ ва ному сифатҳои Ӯ Таъоло савганд ёд карда шавад. Савганд ёд кардан ба ғайр аз Аллоҳ ширки асғар аст, аммо ончи ба номаш савганд ёд мекунадро баробар ба Аллоҳ ё зиёдтар аз Ӯ Таъоло бузург бидонад муртакиби ширки акбар шудааст.
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) вақте Муъоз ибни Ҷабалро ба Яман фиристод, ба ӯ гуфт: "Ту назди мардумоне меравӣ, ки аҳли китоб ҳастанд, вақте онҳоро диди ба гуфтани "Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ" фаро бихон. Агар онҳо аз ту пазируфтанд ба онон бигӯ, ки Худованд дар як шабонарӯз панҷ вақт намозро фарз гардонидааст, пас агар онҳо намози панҷгонаро пазируфтанд ба онон бигӯ, ки Худованд садақаеро фарз гардонидааст, ки аз сарватмандони онҳо гирифта бар фақиронашон дода мешавад. Агар онҳо инро низ пазируфтанд аз амволи гаронбаҳои онҳо барҳазар бош ва аз дуои мазлум битарс, зеро байни мазлум ва байни Аллоҳ пардае вуҷӯд надорад".
Al-Bukhari and MuslimҲангоме ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Муъоз ибни Ҷабал (Худованд аз ӯ розӣ бод) - ро ба ҳайси муаллим ва даъваткунанда ба сӯи Аллоҳ ба сарзамини Яман фиристод, ӯро огаҳ фармуд, ки ӯ бо мардумоне аз насоро рӯ ба рӯ хоҳад шуд, то Муъоз омодагӣ барои мувоҷеҳ шудан бо ононро дар худ касб кунад ва даъвати худро аз амалҳои аз ҳама муҳимтар оғоз кунад. Нахуст онҳоро ба сӯи ақидаи дуруст фаро хонад, яъне гӯвоҳӣ диҳанд, ки маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст. Зеро калимаи шаҳодат калид ва роҳи вуруд ба Ислом аст, ки агар онҳо калима арза намуда онро пазируфтанд ононро амр барои барпо доштани намозҳо бикунад, Зеро намоз бузургтарини воҷибот баъд аз тавҳид аст. Агар онҳо намозро барпо доштанд, пас сарватмандони онҳоро амр кунад, ки закоти молашонро ба фақирон диҳанд. Сипас Паёмбари Худо Муъозро аз гирифтани беҳтарин амволи онҳо барҳазар доштанд, зеро воҷиб он аст, ки аз амволи миёнаарзиш гирифта шавад. Сипас Паёмбари Худо ба ӯ тавсия кард, ки аз зулм дурӣ ҷӯяд, то мазлуме алайҳи ӯ дуо накунад, зеро дуои мазлум мустаҷоб аст.
Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ".
Al-BukhariПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ифрот ва берун рафтан аз ҳадди шаръӣ дар мадҳ ва ситоиши худ ва васф намудани ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сифат ва амалҳое, ки хоси Аллоҳ Таъоло аст, ё гуфтани инки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ғайбро медонад ва ё дар баробари Аллоҳ аз ӯ дуо хостан, чунончи масеҳиён бо Исо ибни Марям карданд, манъ намудааст. Сипас баён намуданд, ки ӯ бандае аз бандагони Аллоҳ аст ва амр фармуданд, ки ӯро банда ва фиристодаи Аллоҳ бигӯем.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: ба Паёмбари Худо гуфтанд: эй Паёмбари Худо аз ҳама хушбахттар ба шафоати ту дар рӯзи қиёмат кист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Эй Абуҳурайра аз сабаби аз ҳама бештар аҳамият доданат бар аҳодиси ман, гумон доштам касе пеш аз ту дар ин маврид намепурсад. Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд".
Al-BukhariПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки баҳрамандтарин мардум дар рӯзи қиёмат аз шафоати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касе аст, ки аз самими қалб ва холисона "Ло илоҳа иллаллоҳ", яъне нест маъбуде барҳақ магар Аллоҳ, бигӯяд ва дар айни ҳол бадур ва пок аз ширк ва риё бошад.