





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Имон дар даруни ҳар яке аз шумо фарсуда мешавад, ҳамонгуна ки либос фарсуда мешавад, пас аз Худованд бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо таҷдид кунад".
Al-HaakimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ кардаанд, ки имон дар дили мусалмон фарсуда ва заъиф мешавад, ҳамонгуна ки либоси нав бар асари истифодаи тулонӣ куҳна ва фарсуда мешавад. Заъиф ва фарсуда шудани имон аз сабаби сустӣ дар адои ибодатҳо ва фурӯ рафтан дар гуноҳон ва шаҳватҳо ба миён меояд. Бинобар ин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо дастур ва иршод додаанд то бо адои фароиз ва бештар зикру истиғфор кардан аз Худованд бихоҳем имони моро таҷдид бифармояд.
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Худованд дӯст медорад ба рухсатҳо (осониҳое, ки Худованд дар ибодатҳояш иҷозат додааст) амал карда шавад, ҳамонгуна, ки дӯст медорад ба дастурот (фарз ва воҷибот)-аш амал карда шавад".
Ibn HibbaanПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медорад, ки Худованд дӯст медорад ба осониҳои шаръӣ - рухсат ва осонӣ дар ибодатҳо ва аҳкоми шариъат, ба монанди қаср хондан дар сафар ва ё ҷамъ кардани ду намоз дар як вақт - амал кунанд. Ҳамонгуна, ки Ӯ Таъоло дӯст медорад дастурот, фарз ва воҷибот, ки бар бандагон муқарар кардааст, анҷом дода шаванд. Зеро фармони Худовандӣ дар дастурот ва рухсатҳо як аст.
Аз Хурайм ибни Фотик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Амалҳо шаш (даста) ҳастанд, ва мардум чаҳор (даста) ва сипас ду воҷиб аст, мисл ба мисл аст ва як ҳасана (некӣ) баробар аст ба даҳ ҳасанаи ҳаммислаш, як ҳасана баробар аст ба ҳафтсад ҳасана. Аммо ду воҷиб: (1) Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худо шарик қоил нашуда бошад, ба биҳишт ворид мешавад. (2) Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худо шарик қоил шуда бошад, пас ба дӯзах ворид мешавад. Мисл ба мисл ин аст, ки: ҳар касе нияти анҷоми кори неке дар дил дошта бошад ва Худованд аз розаш огаҳ бошад барояш як ҳасана навишта мешавад, ва ҳар касе кори баде анҷом диҳад, бар ӯ як бадӣ навишта мешавад. Ҳар касе ҳасанае (некӣ) анҷом диҳад барояш даҳ баробар навишта мешавад. Ҳар касе чизе дар роҳи Худо нафақа кунад, як ҳасанаи ӯ ба ҳафтсад баробар навишта мешавад. Аммо инки мардум чаҳор (даста)-анд: (1) Бархе дар дунё барояшон фаровонӣ ва дар охират маҳдудият хоҳад буд. (2) Бархе дар дунё барояшон маҳдудият ва дар охират барояшон фаровонӣ фароҳам хоҳад буд. (3) Бархе дар дунё ва охират дучори тангдастӣ ва маҳдудият ҳастанд. (4) Ва бархе дигар дар дунё ва охират аз фаровонӣ бархурдор ҳастанд".
AhmadПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки амалҳо бар шаш навъ ва мардум бар чаҳор даста тақсим мешаванд. Амалҳои шашгона иборатанд аз: Якум: Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наёварда бошад, вориди биҳишт хоҳад шуд. Дуввум: Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик овардааст, барои абад вориди дӯзах хоҳад шуд. Ин буд ду амри воҷиб, ки дар ҳадиси мазкур зикр шудааст. Сеюм: Амали нек, ки дар он ният бошад. Ҳар касе нияти анҷоми амали нек дар дил дорад ва содиқ дар тасмими худ бошад ва Худованд ҳам аз нияти содиқонаи ӯ огоҳ бошад, аммо ба сабабе аз анҷоми он оҷиз ояд, як ҳасана дар аъмоли ӯ навишта мешавад. Чаҳорум: Амали бад, ки анҷом дода шудааст. Амали бад агар анҷом дода шавад, пас барояш як бадӣ навишта мешавад. Ин ду "мисл ба мисл" буд, ки як дар муқобили як аст ва дучанд ё зиёд намешавад. Панҷум: Даҳ ҳасана (подош) дар баробари як ҳасана. Ҳар касе дар дил анҷоми нияти кори нек кунад ва онро анҷом диҳад, барояш даҳ баробар подош навишта мешавад. Шашум: Як ҳасана, ки ҳафтсад баробар (подош) дар баробари он навишта мешавад. Касе дар роҳи Худо чизе нафақа кунад, барояш ҳафтсад ҳасана (подош) навишта мешавад, ки ин аз фазл ва карами Худованди бузург бар бандагонаш аст. Аммо инки мардум ба чор даста тақсим мешаванд ба шакли зер аст: Якум: Кофири сарватманд. Касе, ки дар дунё ризқ ва рӯзияш фаровон ва дар нозу неъмат зиндагӣ мекунад, аммо дар охират дучори сахтӣ ва тангдастӣ аст ва сарнавишти ӯ дӯзах хоҳад буд. Дуввум: Мӯъмини фақир. Касе ки дар ин дунё ризқ ва рӯзияш кам, аммо дар охират барояш фаровонӣ ва сарнавишташ ба биҳишт аст. Сеюм: Кофири фақир. Касе аст, ки дар дунё ва охират дучори сахтӣ ва тангдастӣ аст. Чаҳорум: Мӯъмини сарватманд. Касе аст, ки дар дунё ва охират аз фаровонӣ бархурдор аст.
Аз Анас (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй Расули Худо! Ман ба тамоми анвоъи аз гуноҳон даст задаам (оё Худованд тавбаи манро мепазирад?) Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст?" Он мард се маротиба гуфт: бале гувоҳӣ медиҳам. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: " Ин (яъне тавба кардан ва гувоҳӣ додани ту) бар ивази он аст.
Abu Ya‘laaМарде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй расули Худо! Ман муртакиби ҳамагуна гуноҳон шудаам, ба тамоми гуноҳони сағира ва кабира даст задаам, оё Худованд маро мебахшад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, Ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст? Ин суханро се маротиба такрор намуданд, ва он мард ҷавоб гуфт: бале гувоҳӣ медиҳам. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро аз фазилат ва бузургии калимаи шаҳодат ва инки он каффораи гуноҳон, ва инки ҳамчунин тавба гуноҳони гузаштаро пок месозад, огаҳ фармуданд.
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: " Илмро барои фахрфурӯшӣ бар уламо ва муноқиша кардан бо аблаҳон наомӯзед, ва на инки дар маҷолис болонишин бошед, зеро ҳар касе чунин кунад, ҷояш ҷаҳаннам аст, ҷаҳаннам".
Ibn MaajahПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз талаби илм барои худнамоӣ назди уламо ва нишон додани худ ҳамчун як соҳибилм ва ё барои баҳс ва мунозира кардан бо аҳмақону камақлон, ё барои болонишин шудан дар маҷолис ва бартарӣ доштан бар дигарон, барҳазар доштаанд. Ҳар касе чунин кунад, ӯ бинобар риёкорӣ ва адами ихлос дар талаби илм, сазовори оташи дӯзах аст.
Аз Нуввос ибни Самъони ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: " Худованд мисоли роҳи рост (Сироти мустақим)-ро ин гуна баён медорад, ки дар ду тарафи он девор аст ва дар он деворҳо дарҳои боз ва бар дарҳо пардаҳо овезон аст. Назди дари "Сирот" касе истодааст, ки мегӯяд: эй мардум! Ҳамагон вориди ин роҳ (-и рост) шавед ва каҷравӣ накунед. Нидокунандаи дигаре бар сари он роҳ аст, ки агар касе бихоҳад яке аз он дарҳоро боз кунад (яъне пардаи онро кушояд), мегӯяд: вой бар ту он дарро боз накун, ки дохили он мешавӣ. Сирот (роҳ) ҳамон Ислом аст ва деворҳо ҳамон ҳудуд, ки Худованд гузоштааст ва дарҳои боз ҳаромкардаҳои Аллоҳ. Нидокунандае ки бар сари роҳ аст, китоби Аллоҳ ва даъваткунандае ки болои роҳ аст панддиҳандае аз ҷониби Аллоҳ дар дили ҳар як мусалмон аст"
At-TirmidhiПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки: Худованд Исломро мисоли як роҳи рост ва дароз гуфтааст, ки ҳеҷ каҷӣ надорад, ва дар ду тарафи он девор аст, ки ҳамоно маънои ҳудудҳои илоҳиро дорад. Дар он деворҳо дарҳои кушода ҳастанд, ки онҳо ҳамон ҳаромкардаҳои Худованд ҳастанд, ва пардаҳои овезон бар он дарҳо ҳиҷоб ва сатре ҳастанд, ки ончи пушти парда ҳастро аз чашми гузарандагон мепӯшонад. Дар оғози роҳ касе истодаст, ки мардумро ба сӯи роҳи рост даъват мекунад ва мегӯяд: дар ин роҳ ба тарафи чап ва рост нигоҳ накунед ва танҳо ба роҳи рост биравед, ки он ҳамон китоби Аллоҳ аст. Нидокунандаи дигаре болои роҳ аст, ки ҳаргоҳ касе бихоҳад яке аз пардаҳоро боз кунад, ӯро ҳушдор медиҳад ва мегӯяд: вой бар ту онро боз накун ва илло дохили он мешавӣ ва дигар наметавонӣ аз дохил шудан ба онҷо худро боздорӣ, ва ин ҳамон панддиҳандае аз ҷониби Аллоҳ аст, ки дар дили ҳар як мусалмон вуҷӯд дорад.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?"Гуфтем: Оре. Фармуд: "се ояте, ки шумо дар намоз мехонед, беҳтар аз се шутури ҳомиладори фарбеҳ аст".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) подоши се оят, ки дар намоз хонда мешавадро беҳтар аз он донистаанд, ки касе дар хонаи худ се шутури ҳомиладори фарбеҳ дошта бошад.
Аз Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Касе, ки Қуръонро ошкор мехонад монанди касе аст, ки садақаро ошкор медиҳад, ва касе, ки Қуръонро пинҳон мехонад монанди касе аст, ки садақаро пинҳон медиҳад".
Abu DawoodПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҳар касе Қуръонро ошкор ва баланд мехонад монанди касе аст, ки садақаро ошкор медиҳад, ва ҳар касе Қуръонро пинҳон ва паст мехонад монанди касе аст, ки садақаро пинҳон медиҳад.