





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй Расули Худо! Яке аз мо дар худ чизеро эҳсос мекунад -бо дастонаш ишора карда-, ки хокистар шудан барояш авлотар аз он аст, ки онро ба забон биёрад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд бузург аст, Худованд бузург аст, ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст, ки найранги ӯро ба васваса табдил дод".
Abu DawoodМарде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй расули Худо: Яке аз мо дар дили худ чизе дорад, ки ба забон овардани он барояш бисёр сахт аст, то ҷое, ки сухтан ва хокистар шудан барояш беҳтар аз сухан гуфтан дар мавриди он аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду бор такбир гуфтанд ва шукри Худовандро ба ҷой оварданд, ки Худованд найранги шайтонро ба васваса табдил дод.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст бикашад".
Al-Bukhari and MuslimИнҷо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди илоҷ ва дармони судманд бар саволҳои васвасаомези шайтон бар муъмин огаҳ сохтааст. Шайтон мегӯяд: кӣ инро офаридааст? Кӣ он чизро офаридааст? Осмонро кӣ офарид? Заминро кӣ офарид? Мӯъмини ростин мегӯяд: Аллоҳ онҳоро офаридааст. Аммо Шайтон бо ин ҳама иктифо накарда бо пурсишҳои васвасаомезаш идома дода мегӯяд: Худои туро кӣ офаридааст? Барои мӯъминон се роҳӣ дурӣ ҷустан аз васвасаҳо вуҷӯд дорад, ки иборатанд аз: - Имон ба Худо. - Паноҳ бурдан ба Худованд аз Шайтон. - Худдорӣ аз андешидан дар мавриди васвасаҳои шайтонӣ.
Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт. Аммо кофир барои некиҳояш дар дунё рӯзӣ дода мешавад ва барои охират чизе аз некиҳояш намемонад то барояш подош дода шавад".
MuslimПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) лутфи бузурги Худовандро бар мӯъминон ва адлаш бар кофиронро баён медорад. Аз подоши амалҳои неки мӯъмин кам карда намешавад, балки дар баробари итоат аз авомири Худованд дар дунё некӣ ва барои охират подош хоҳад дошт, ва шояд ҳам тамоми подошҳо барои охирати ӯ сабт ва ҳифз карда шавад. Аммо Худованд подоши некиҳои кофиронро ба некӣ дар дунё мубаддал мегардонад ва барои охират чизе барояшон боқӣ нахоҳад монд, зеро амали нек, ки дар дунё ва охират судманд аст бояд аз ҷониби шахси мӯъмин анҷом шавад.
Аз Қатода (Раҳмати Худо бар ӯ бод) ривоят аст, ки гуфт: Анас ибни Молик ба мо гуфт: марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид, ки эй Паёмбари Аллоҳ! Кофир чигуна бар рӯяш ҳашр мешавад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Оё касе, ки дар дунё ӯро бо ду пой роҳ рафтан водоштааст, қодир нест рӯзи қиёмат ӯро он гуна водорад, ки бар рӯи чеҳраи худ роҳ равад"? Қатода гуфт: Оре, ба иззат ва ҷалоли Парвардигорамон.
Al-Bukhari and MuslimАз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, ки кофир дар рӯзи қиёмат чигуна бар рӯяш ҳашр карда мешавад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: оё Худованд, ки ӯро дар дунё бо ду пой роҳ рафтан водоштааст, қодир нест ӯро дар рӯзи қиёмат он гуна водорад, ки бар рӯи чеҳраи худ роҳ равад! Худованд бар ҳама чиз қодиру тавоност.
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ ростгӯ ва тасдиқшуда аст ба мо чунин фармуданд: "Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки ба муддати чиҳил рӯз дар батни модар, ҷамъ меояд. Сипас чиҳил рӯзи дигар ба хунпора табдил меёбад, пас аз он чиҳил рӯзи дигар ҳамчун гӯштпора. Сипас фаришта фиристода мешавад ва ба навиштани чаҳор чиз: ризқ, марг, амал ва инки ӯ бадбахт аст ё хушбахт, амр шуда, дар ӯ рӯҳ дамонда мешавад. Савганд ба зоте, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест, яке аз шумо амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад то инки миёни ӯ ва ҷаннат ба масофаи як зироъ боқӣ мемонад, аммо тақдир бар ӯ сабқат намуда амали дӯзахиёнро анҷом дода, вориди ҷаҳаннам мешавад. Ҳамин гуна яке аз шумо амали дӯзахиёнро анҷом медиҳад то инки миёни ӯ ва дӯзах ба масофаи як зироъ боқӣ мемонад, аммо тақдир бар ӯ сабқат намуда амали биҳиштиёнро анҷом медиҳад ва вориди ҷаннат мешавад".
Al-Bukhari and MuslimИбни Масъуд мегӯяд: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ӯ дар гуфтораш ростгӯ ва тасдиқшуда аз ҷониби Аллоҳ аст ба мо чунин фармуданд: Тарзи офариниши ҳар яке аз шумо ба гунае аст, ки чун мард бо ҳамсараш ҳамхобагӣ мекунад оби мании парокандаи ӯ дар шиками зан муддати чиҳил рӯз ба шакли нутфа мемонад. Сипас чиҳил рӯзи дигар алақа, ба монанди хунпораи ғафс, мемонад. Боз чиҳил рӯзи дигар табдил ба музға, гӯштпорае ба монанди луқмаи ҷавидашуда, боқӣ мемонад. Сипас Худованд пас аз поёни чиҳилрӯзаи сеюм фариштаеро мефиристад то дар он рӯҳро бидамонад. Ба фаришта дастур дода мешавад то чор чизро бинависад, ки иборатанд аз: ризқи ӯ, яъне ҳамон андоза аз неъматҳое, ки дар зиндагӣ ба даст меорад. Аҷали ӯ, яъне ҳамон муддат ва замоне, ки дар дунё боқӣ мемонад. Амали ӯ, яъне чи амалҳоеро анҷом медиҳад? Ӯ як шахси бадбахт хоҳад буд ва ё хушбахт. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савганд ёд мекунад, ки шахсе амалҳои биҳиштиёнро анҷом медиҳад, ба гунае ки ба чашми мардум амали нек вонамуд мегардад, то инки миёни ӯ ва биҳишт ба андозаи як зироъ (як газ) мемонад, (яъне: миёни ӯ ва расидан ба биҳишт фосилае ҷуз як газ намемонад), аммо тақдир ва ончи бар ӯ навишта шудааст ғолиб омада ногоҳ амале аз амалҳои дӯзахиёнро анҷом дода поёни кораш ворид шудан ба ҷаҳаннам аст. Зеро шарти қабули амал устуворӣ дар он аст. Ҳамин гуна шахсе амалҳои аҳли дӯзахро анҷом медиҳад, то инки барои ворид шудан ба дӯзах ҷуз масофаи як зироъ намемонад, ногаҳон тақдир бар ӯ ғолиб омада амале аз амалҳои биҳиштиёнро анҷом медиҳад ва вориди ҷаннат мешавад.
Аз Анас (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: барои шумо ҳадисеро, ки аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам мегӯям, ки ғайр аз ман касе онро ба шумо нахоҳад гуфт: аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт: "Аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки илм аз байн меравад ва ҷаҳлу нодонӣ зиёд мегардад, зино ва шаробнӯшӣ бештар ривоҷ меёбад, мардон кам ва занон зиёд мешаванд, то инки барои панҷоҳ зан як сарпараст (мард) мерасад".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудааст, ки аз нишонаҳои наздик шудани қиёмат аз байн рафтани илми шариъат аст, ки бо сабаби марги уламо ба миён меояд. (Зеро бо сабаби марги уламо илми шариат аз байн рафта ҷои онро ҷаҳлу нодонӣ фаро мегирад), ки дар натиҷаи он, ҷаҳлу нодонӣ бештар мегардад, зино ва фоҳишагӣ бештар ривоҷ ёфта шаробнӯшӣ ба авҷи худ мерасад. Шумори мардон кам ва аз занон зиёд мешавад, то онҷо, ки барои ҳар панҷоҳ зан як мард хоҳад буд, ки ба кор ва умури онҳо расидагӣ мекунад.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Қиёмат барпо намешавад, то онки шумо бо яҳудиён меҷангед, ҳатто санге, ки яҳудӣ пушти он пинҳон шудааст мегӯяд: эй мусалмон! Ин яҳудӣ аст пушти ман пинҳон шудааст, ӯро бикуш".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки қиёмат барпо намешавад, то замоне, ки мусалмонон бо яҳудиён биҷанганд. Ҳатто яҳудие, ки аз ҷанг гурехтааст ва мехоҳад пушти санг пинҳон шавад, санг бо хости Худованд ба сухан омада мусалмонро фарёд мезанад, ки яҳудӣ пушти он пинҳон шудааст, то биёяд ва ӯро бикушад.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Паҳноӣ ҳавзи ман ба андозаи як моҳ роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир ва бӯяш хушбӯтар аз миск аст, кӯзаҳои он монанди ситорагони осмон ҳастанд, касе аз он бинӯшад дигар ҳаргиз ташна намешавад"
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки рӯзи қиёмат соҳиби ҳавзе ҳастанд, ки паҳноӣ ва дарозии он ба андозаи як моҳа роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир, бӯяш хуштар аз бӯйи миск ва шумори кӯзаҳои он ба андозаи ситораҳои осмон аст. Касе аз он ҳавз бо он кӯзаҳо об бинӯшад дигар ҳаргиз ташнагиро нахоҳад дид.
Аз Асмоа духтари Абубакр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд, гуфта мешавад: оё медонӣ пас аз ту чи амалҳое анҷом додаанд? Савганд ба Аллоҳ онҳо дини худро тарк карда ба ҳоли аввалии худ бармегаштанд"
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медоранд, ки ӯ рӯзи қиёмат дар назди ҳавз аст то бубинад, ки чи касе аз умматонаш ба назди ҳавз меояд, баъзе аз мардумон аз назди ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бурда мешаванд ва Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд: Парвардигорам! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд. Ба Паёмбар гуфта мешавад: Оё медонӣ пас аз шумо чи амалҳое анҷом медоданд? Савганд ба Аллоҳ онҳо дини худро тарк карда ба ҳоли аввалии худ бармегаштанд, онҳо на аз ту ва на аз уммати ту ҳастанд.