





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад"
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъзе аз ҳуқуқи як мусалмон бар мусалмони дигарро ингуна баён фармуданд: Нахустин ҳақи як мусалмон бар бародараш ин аст, ки посухи саломи ӯро гӯяд. Ҳаққи дуюм: Аёдат ва дидори шахси бемор аст. Ҳаққи сеюм: иштирок дар ҷаноза ва то қабристон рафтан аз пушти ҷаноза ва то дафн кардани майит онҷо мондан. Ҳаққи чаҳорум: Пазируфтани даъват, ки агар ӯ ба тӯйи арусӣ ё маросими дигар даъват шавад, бипазирад. Ҳаққи панҷум: касе, ки атса мезанад ва "Алҳамдуллилоҳ" мегӯяд дар посух ба ӯ "Ярҳамукаллоҳ" гуфта шавад, ки сипас худи атсазананда боз бигӯяд: "Яҳдикум Аллоҳ ва юслиҳ болакум" (Худованд шуморо ҳидоят ва хаёлатонро нек бидорад).
Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд раҳмат кунад мардеро, ки дар хариду фурӯш ва дар бозпасгирии қарзи худ осонгир аст".
Al-BukhariПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои касоне, ки дар хариду фурӯш осонгир ва саховатманду некрафтор ҳастанд, дуои нек фармуданд. Дар вақти фурӯш бо муштарӣ некрафтор бошад ва ба қимати муносиб ба ӯ бидиҳад. Агар аз дигарон чизе мехарад саховатманд бошад ва қимати моли онҳоро беарзиш накунад. Дар талаби қарзи худ сахтгир набошад, балки бо нармӣ ва мардонагӣ онро талаб кунад ва то метавонад ба ӯ мӯҳлати бештар диҳад, дар баробари фақирону бенавоён сангдил ва сахтгир набошад.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад. Ӯ дар ҳоле бо Худованд мулоқот мекунад, ки ӯро бахшидааст".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди марде мегӯяд, ки ба мардум қарз медод ё бо қарз ба онҳо мол медод, ва ба ғуломи худ, ки қарзи ӯро аз мардум мегирифт, мегуфт: Агар назди касе рафтӣ, ки тавони пардохти қарзи худро надорад "аз ӯ бигзар" ё ба ӯ муҳлат бидеҳ ва дар гирифтани қарз пойфишорӣ накун, ё тавони пардохти ҳар миқдоре аз молро дорад бипазир, ки шояд ба сабаби он Худованд аз мо бигзарад ва мавриди бахшиш қарор бидиҳад. Чун он мард вафот кард, Худованд ӯро авф ва аз гуноҳонаш даргузашт.
Аз Абубакра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд". Гуфтам: Эй Расули Худо ин қотил аст, аммо гуноҳи мақтул чист? Фармуданд: "Ӯ низ мехост ҷониби муқобилро бикушад".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки агар ду мусалмон шамшер ба даст дар муқобили ҳамдигар қарор гирифтанд ва ҳар як қасди куштани дигарро дошт, пас қотил ба сабаби куштани ҳариф дар оташи дӯзах аст. Саҳобагон бо тааҷҷуб аз сабаби дохил шудани шахси кушташуда ба дӯзах пурсиданд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки ӯ низ аз аҳли дӯзах аст, зеро ӯ ҳам қасди куштани ҳарифашро дошт, магар инки ҷониби муқобил сабқат намуда ӯро кушт.
Аз Умар ибни Хаттоб ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Амалҳо вобаста ба ният ҳастанд ва барои ҳар кас ҳамон хоҳад буд, ки барои расидан ба он ният кардааст, пас касе ҳиҷраташ ба сӯи Аллоҳ ва расулаш бошад, ҳиҷрати ӯ ба сӯи Аллоҳ ва расулаш аст, ва касе ҳиҷрати ӯ барои моли дунё бошад, ё занеро ба никоҳи худ дароварад, пас ҳиҷрати ӯ барои чизе аст, ки ба ҳадафи расидан ба он ҳиҷрат кардааст". Дар ривояти Бухорӣ омадааст: "Албатта амалҳо вобаста ба ниятҳо ҳастанд ва барои ҳар шахс он чизе аст, ки ба қасди расидан ба он ният кардааст".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудаанд, ки амалҳои бандагон вобаста ба ниятҳои худи онҳо аст, ки ин як ҳукми умумӣ ва фарогири тамоми ибодот ва муомилот аст. Пас ҳар кӣ амалеро барои расидан ба ҳадафи муаян ният кунад, ҳамонро ба даст меорад ва барояш подош нахоҳад буд. Ҳар кӣ амалеро барои расидан ба ризои Худованд анҷом медиҳад, барояш аҷр ва подоши нек хоҳад буд, агарчи як амали кам ва оддӣ бошад, монанди хурдан ва нӯшидан. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои тавзеҳи бештари таъсири ният бар амалҳо, ки дар зоҳир барои мо яксон вонамуд мешаванд, мисолҳо оварда баён намуданд, ки ҳар касе аз ватани худ барои дарёфти ризо ва хушнудии Парвардигораш ҳиҷрат кунад, ҳиҷрати шаръӣ ва писандида аст ва барои нияти содиқонаи худ соҳиби аҷр ва савоб мегардад, ва ҳар касе ҳадаф аз ҳиҷраташ дарёфти манфиати дунявӣ, аз ҷумла мол, мансаб, тиҷорат ва ё издивоҷ бошад, аз он ҳиҷрат танҳо ҳамон чизе, ки барои расидан ба он қасд карда буд дармеёбад ва аз аҷру подош баҳрае нахоҳад бурд.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: Марде ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: маро насиҳат кун. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун". Он мард чанд бор аз Паёмбар насиҳат хост, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун".
Al-BukhariЯке аз саҳобагон аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хост ӯро ба коре, ки манфиат бахшад роҳнамои кунад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: "Ғазаб накун", яъне аз амалҳое, ки сабаби ба вуҷуд омадани хашму ғазаб мешавад дурӣ кунад, агар асабонӣ мешавад саъй кунад оташи ғазабашро фурӯ нишонад, то кор ба куштан, задан, дашном додан ва ғайра нарасад. Он мард чанд бор насиҳат хост, аммо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чизе ҷуз "Ғазаб накун" изофа нафармуд.
Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки мегуфт: "Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"
Ibn MaajahПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро ташвиқ мекунад, ки дар талаби нафъ ва дур кардани зарар дар умури дин ва дунёи худ, ба Худованди Мутаъол таваккул кунем, зеро касе ато намедиҳад, боз намедорад, суд ва зиён намебахшад магар Ӯ Таъоло. Мо бояд ба таваккул кардани холисона бар Худо амалҳоеро анҷом диҳем, ки дар он ҷалби манфиат ва дафъи зарар бошад. Чун агар мо ин корро анҷом диҳем Худованд ба мо рӯзӣ медиҳад, он гуна ки парандагон саҳаргоҳ аз лонаҳо бо шиками гурусна берун меоянд ва шомгоҳ бо шиками сер бармегарданд. Ин амали парандагон навъе аз асбоби талош барои талаби ризқ ва рӯзӣ бидуни вобастагӣ ва танбалӣ аст.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш овардааст, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Банда гуноҳ мекунад ва сипас мегӯяд: Парвардигоро! гуноҳони маро биёмурз, Аллоҳ Таборак ва Таъоло мегӯяд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки бахшандаи гуноҳон аст ва Ӯ Таъоло барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, банда дубора муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳамро биёмӯрз. Пас Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармуд: бандаам гуноҳе кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳамро биёмӯрз. Аллоҳ Таборак ва Таъоло мефармояд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, ҳарчи мехоҳӣ бикун, ки ман туро бахшидам".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигор ривоят мекунад, ки агар банда гуноҳ кунад ва сипас бигӯяд: Парвардигоро гуноҳи маро бибахш, Худованд мефармояд: бандаи ман гуноҳ кард ва донист Парвардигоре дорад гуноҳро мебахшад ва онро мепӯшонад, ё барои гуноҳ муҷозот мекунад, пас ӯро мавриди мағфират қарор додам. Банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳи маро бибахш, Худованд мефармояд: бандаи ман гуноҳ кард ва донист ӯ Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва онро мепӯшонад ва аз он дар мегузарад, ё барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, пас Ман бандаамро бахшидам. Банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳи маро бибахш, Худованд мефармояд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки ӯ Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва онро мепӯшонад ва аз он мегузарад, ё инки барои гуноҳ муҷозот мекунад, пас бандаамро бахшидам. То замоне, ки банда пас аз ҳар гуноҳ аз он даст мекашад ва пушаймон мешавад ва тасмим барои барнагаштан ба гуноҳ мекунад, аммо нафсаш бар ӯ ғолиб меояд ва боз дар гуноҳ воқеъ мешавад, ва боз тавба мекунад ӯро мебахшам, зеро тавба ончи пеш аз он будро аз байн мебарад.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касоне, ки адлро пеша кардаанд бар минбарҳое аз нур дар тарафи дасти рости Худованд қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ Таъоло рост аст, онҳо касоне ҳастанд, ки дар қазоват, дар мавриди аҳли худ ва дар масъулияти худ адолат меварзанд".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармоянд, онон, ки бар зердастон ва хонаводаи худ адолатро пеша мекунанд, барои гиромидошт онҳо дар рӯзи қиёмат бар минбарҳои баланд, ки аз нур офарида шудаанд, хоҳанд нишаст. Ин минбарҳо дар самти рости Парвардигор қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ субҳонаҳу ва Таъоло рост аст.