





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Оё медонед ғайбат чист?" Гуфтанд: Аллоҳ ва Паёмбараш огоҳтаранд. Гуфт: "Бародаратро ба ончи, ки дӯст надорад ёд кунӣ" Гуфтанд: агар ончи мегӯям дар бародарам бошад чӣ? Гуфт: "Агар ончи мегӯи дар ӯ бошад, ӯро ғайбат кардаи ва агар ончи мегӯи дар ӯ набошад бар ӯ тӯҳмат задаи".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳақиқати ғайбати ҳаромро баён фармуда мегӯянд, ки он: зикр кардани як мусалмон дар ғоиб аз чизе, ки дӯст надорад аст, чи аз сифатҳои марбут ба тан ва чеҳраи ӯ бошад ва ё марбут ба равиш ва ахлоқи ӯ, ба монанди: кӯр, кӯтоҳ ва ё фиребгар ва дурӯғгӯ ва ё дигар хислатҳои нописанд, агарчи хислатҳои мазкур дар ӯ бошанд. Аммо агар сифатҳои мазкур дар ӯ набошад, пас он бадтар аз ғайбат аст, ки ба он бӯҳтон гуфта мешавад, яъне: тӯҳмат задан ба инсон ба ончи ки дар ӯ нест.
Аз Абумусои Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Агар банда бемор ё мусофир шавад, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар хона ва бо тани сиҳат анҷом медод".
Al-BukhariПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз фазл ва раҳмати Худованд мегӯяд, ки агар мусалмон дар ҳоли тансиҳатӣ ва иқоматаш ба адои амали нек одат карда бошад, сипас барои ӯ узре пеш ояд, ба монанди беморӣ ва сафар, ки аз адои он амал оҷиз ояд, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар ҳоли тансиҳатӣ ва иқоматаш анҷом медод.
Аз Тамими Дорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Дин (-и ислом) насиҳат аст". Гуфтем: (Насиҳат) барои кист? Гуфт: "(Насиҳат) барои Худо, барои китоби Аллоҳ (Қуръон), барои паёмбараш ва барои пешвоёни мусалмонон ва барои умуми онҳо".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд ки дин бар асоси ихлос ва садоқат пойдор аст, пас бояд ҳамон гуна, ки Худованд дастур додааст, ба таври комил ва бе кутоҳӣ анҷом дода шавад . Аз паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Насиҳат барои чи касоне аст? Фармуданд: Якум: Насиҳат барои Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло, бо шарти инки амал холисона барои Ӯ Таъоло бошад, касеро дар баробари Ӯ Таъоло шарик қарор надодан, имон овардан ба рубубият, улуҳият, номҳо ва сифатҳои Ӯ Таъоло, бузург доштани дастуроти Ӯ ва даъват ба сӯи имон овардан ба Ӯ Таъоло. Дуввум: Насиҳат барои китоби Аллоҳ, ки ҳамоно ҳамон Қуръони карим аст. Бовар доштан бар инки Қуръон сухани Аллоҳ ва охирин китобе аст, ки аз ҷониби Аллоҳ нозил шудааст ва инки Қуръони Карим тамоми шариъатҳои қаблиро мансух намудааст. Қуръони Каримро гиромӣ дорем, ҳамон гуна, ки бояд тиловат карда шавад тиловат кунем, бо муҳкамоти он амал кунем ва дар мавриди муташобеҳоти он худро таслим ва аз таъвили аҳли таҳриф дур бошем, аз мавъиза ва пандҳои он панд бипазирем, дар нашр ва даъват ба сӯи он ҳамеша дар талош бошем. Сеюм: Насиҳат барои Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод). Муътақид бар он бошем, ки ӯ вопасин Паёмбар аст, ончи ӯ мегӯяд тасдиқ намуда ба он амал намоем, аз ончи наҳй фармудааст дурӣ намоем, Худовандро танҳо он гуна, ки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст ибодат кунем, Ӯ Таъолоро бузург ва худро бандаи ночизи Ӯ бидонем, даъват ва шариати илоҳиро мунташир намуда иттиҳомот алайҳи Ӯ Таъолоро инкор намоем. Чаҳорум: Насиҳат барои ҳокимони мусалмон, яъне ёрӣ додани онҳо дар роҳи ҳақ, адами мухолифат бо онон ва итоат кардан аз онҳо дар роҳи итоат аз Аллоҳ. Панҷум: Насиҳат барои мусалмонон, яъне некӣ кардан ба онҳо, даст бардоштан аз озор ва азият ба онҳо, хайр ва некӣ хостан барои онҳо ва ҳамкорӣ бо онон дар некӣ ва тақво.
Аз Оиша (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки дар хонаи ман ин суханро гуфт: " Эй Аллоҳ, ҳар касе масъулияте дар умматам ба уҳда гирифт ва бар онон сахтгири намуд, бар ӯ сахт бош ва ҳар касе масъулияте бар умматам ба уҳда гирифт ва бар онон меҳрубони кард, Ту низ бар ӯ меҳрубон ва осон бигир".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои касе ки коре аз корҳои мусалмононро ба уҳда гирад - хурд бошад ё бузург, кор ё вазифаи баланд бошад ё умумӣ ё хусусӣ - ва бар онон сахтгири кунад ва осони ва нармӣ накунад, дуо кард, ки Аллоҳ ӯро аз ҷинси амалаш подош диҳад, яъне бар ӯ сахтгир бошад. Ва барои касе ки бар онон осони ва нарми кард, Худованд бар ӯ дар корҳояш осони ва нарми кунад.
Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Мо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста будем ва марде савори шутур ба масҷид даромада шутури худро дар ҷое баст ва рӯй ба мардум овард ва гуфт: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар, ки онҷо такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпуст, ки инҷо такя задааст Муҳаммад аст. Мард гуфт: Эй писари Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шуморо мешунавам". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва дар пурсишҳоям сахтгир ҳастам ва аз ман малол набошед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дар ҳар маврид, ки мехоҳӣ бипурс". Гуфт: аз барои Худо ва Худои гузаштагони худ бигӯ, ки оё ту фиристодаи Худованд ба тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз бихонем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр намудааст, ки ин моҳ (моҳи рамазонро)-ро рӯза бигирем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақиронамон тақсим кунем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба ончи ту овардаи имон овардам ва ман намояндаи қавми худ ҳастам, ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам.
Al-BukhariАнас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) хабар медиҳад, ки саҳобагон бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста буданд, марде савор бар шутур даромада шутури худро шинонд ва дар ҷое баст, ва аз онҳо пурсид: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), миёни қавм такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпӯст, ки такя задааст Муҳаммад аст. Он мард ба Паёмбари Худо гуфт: эй фарзанди Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Туро мешунавам, бипурс ва ман посухат мегӯям". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва ман дар тарзи пурсишҳои худ сахтгир ҳастам, бинобар ин аз ман малол набошед. Яъне: аз ман дилтанг нашавед ва ғазаб накунед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳар чизе мехоҳӣ бипурс. Гуфт: туро ба хотири Парвардигорат ва Парвардигори пешиниёнат мепурсам, ки оё ту фиристодаи Худо ба сӯи тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бинобар тасдиқ бар гуфтори худ фармуд: "Бор Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз хонем? Яъне ҳамон намозҳои панҷгона. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин моҳро рӯза бидорем? Яъне моҳи рамазонро. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: Ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр фармудааст, ки садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақирон тақсим кунем? Яъне закотро. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Сипас Зимом ислом пазируфта ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт, ки қавми худро ба ин дин даъват мекунад. Сипас худро муаррифӣ намуд, ки ӯ Зимом ибни Саълаба аз бани Саъд ибни Бакр аст.
Аз Шаддод ибни Авс (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду чиз ҳифз кардаам, ки фармудаанд: "Худованд эҳсон (некӣ)-ро бар ҳама чиз муқаррар кардааст. Чун агар куштед бо некӣ бикушед ва агар забҳ кардед бо некӣ забҳ кунед. Ҳаргоҳ касе аз шумо забҳ мекунад корди худро тез кунад то қурбонии худро дар вақти забҳ азоб надиҳад".
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки Худованд эҳсон дар ҳама чизро бароямон воҷиб гардонидааст, ва эҳсон иборат аст аз: муроқибати ҳамешагии Худованд бар ибодати мо, бар анҷоми амалҳои нек ва даст бардоштан аз озор ва азияти тамоми махлуқот, ки ҳатто дар забҳи чорво эҳсон бояд дар назар гирифта шавад. Эҳсон дар қасос ин аст, ки: осонтарину сабуктарин ва камдардтарин равиши қатл дар назар гирифта шавад. Эҳсон дар забҳ ин аст, ки: ҳамчун шафқат ба чорво корди тез интихоб кунад, кордро дур аз чашми чорво тез кунад ва пеши чашми чорвои дигар забҳ накунад.
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Бар Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар синни чилсолагӣ ваҳй нозил шуд, сездаҳ сол дар Макка монданд, сипас амр ба ҳиҷрат шуд ва ба Мадина ҳиҷрат фармуд ва ба муддати даҳ сол онҷо истиқомат намуда дар онҷо вафот намуданд.
Al-Bukhari and MuslimИбни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) хабар медиҳад, ки: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар синни чилсолагӣ мабъус ба паёмбарӣ ва барои бори нахуст ба ӯ ваҳй нозил шуд, пас аз нузули ваҳй сездаҳ соли умри мубораки ӯ дар Макка сипарӣ шуд, сипас аз ҷониби Аллоҳ дастур шуд то ба Мадина ҳиҷрат фармояд, ки даҳ соли дигар аз умри муборакашон онҷо гузашт ва дар синни шастусесолагӣ дар Мадина вафот намуданд.
Аз Зайд ибни Холиди Ҷуҳанӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро зери осмони абрӣ бароямон гузошт ва пас аз поёни намоз рӯй ба мо овард ва гуфт: "Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд, Аммо ҳар касе гуфт: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ӯ бар Ман имон овардааст ва бар ситора кофир шудааст. Аммо касе бигӯяд ба сабаби ин ва ё он ситора бароямон борон борид, пас ӯ бар Ман кофир ва бар ситорагон имон овардааст".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро дар Ҳудайбия - қаряе наздик ба Макка - пас аз шаби боронӣ, гузошт ва пас аз адои намоз рӯй ба мардум овард ва гуфт: оё медонед Парвардигори бузурги шумо чи мегӯяд? Гуфтанд: Худованд ва расулаш беҳтар медонанд. Паёмбар фармудаанд: Худованд баён медорад, ки мардум ҳангоми боридани борон бар ду даста тақсим мешаванд: дастаи аввал касоне ки ба Худованд имон доранд, ва дастаи дуввум касоне ки ба Худованд кофир шудаанд. Ҳар касе бигӯяд: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ва боридани боронро ба Худованд нисбат диҳад ӯ ба Худованди Офаридагори ҳастӣ имон овардааст ва сабабро дар ситорагон надидааст. Аммо касе бигӯяд: ба сабаби ин ё он ситора борон боридааст, пас ӯ ба Аллоҳ кофир ва бар ситорагон имон овардааст, ва ҳадаф аз куфр инҷо куфри асғар аст, зеро боридани боронро ба ситорагон нисбат додааст, дар ҳоле, ки Худованд онро сабаби шаръӣ ва ё қадарӣ қарор надодааст. Аммо касе бар ин бовар бошад, ки боридани борон ва дигар ҳаводиси табиъӣ марбут ба ҳаракати сайёраҳост ва ҳаракати онҳоро дар ин ҳаводис омили асосӣ бидонад пас ӯ куфр (куфри акбар) варзидааст.
Аз Абуҳурайра, (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гурӯҳе аз асҳоби Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди эшон омаданд ва аз ӯ (с) пурсиданд: Мо дар дили худ чизҳое (ба монанди шак ва куфр) меёбем, ки ба забон овардани он бароямон бисёр сахт аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: "Оё чунин аст, ки мегӯед?" Гуфтанд: бале. Фармуданд: "Он имони холис аст"
MuslimГурӯҳе аз ёрони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди Паёмбари Худо омаданд ва аз ӯ дар бораи шак ва васвасаҳои бузурге, ки дар дили худ эҳсос мекарданд ва аз сабаби зишт будани онҳо аз ба забон оварданашон танаффур доштанд, пурсиданд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: Ончи дар дили шумо шӯъла мезанад ва боис шудааст, ки дар баробари ончи шайтон дар дилатон андохта аст истодагарӣ карда ва аз ба забон овардани он худдорӣ мекунед, имони холис ва яқин аст, ки ин худ нишонае аз роҳ наёфтани Шайтон ба дилҳои шумост, бар хилофи касоне, ки Шайтон бар дилҳои онҳо мусаллат гашта дар баробари он ҳеҷ чорае надоранд.