Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way






























Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди сарнавишти офариниш мефармояд, ки Худованд ҳама ончи дар тақдири инсонҳост, зиндагӣ, марг, рӯзӣ ва монанди инҳо, панҷоҳ ҳазор сол қабл аз офариниши замину осмонҳо дар лавҳи маҳфуз ба таври муфассал навиштааст, ва мутобиқи ончи Ӯ Таъоло муқаддар фармудааст, воқеъ мешавад. Ҳар чизе воқеъ мешавад ба иродат ва тақдири Худовандӣ аст. Ончи бар банда расид, мумкин набуд, ба ӯ нарасад, ва ончи ба ӯ нарасидааст, мумкин набуд, ки ба ӯ бирасад.
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудааст, ки ҳар касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва дар ҳаҷҷи худ муртакиби "рафас" нашавад, яъне: ҳамхобагӣ бо ҳамсар ё амалҳое, ки пеш аз он анҷом мешавад, монанди бӯсидан ва ламс кардан. Ҳамчунин ба маънои суханони ношоиста ва фаҳшо омадааст, ва корҳои бад ва гуноҳ анҷом надиҳад. Яке дигар аз амалҳои ношоиста маҳзуроти эҳром (амалҳое, ки дар вақти адои ҳаҷ, ҳоҷӣ бояд аз онҳо худдорӣ кунад) аст, ки агар амалҳои мазкурро анҷом надиҳад, аз ҳаҷ дар ҳоле бармегардад, ки мавриди омӯрзиш қарор гирифта аст, ҳамоно монанди навзоде, ки аз модар бегуноҳ таваллуд шудааст.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки мисвок задани дандонҳо бо чуби дарахти арок ва дарахтони дигари ҳаммонанди он, даҳонро аз чирк ва бӯйҳои нохуш пок мекунад. Мисвок задан яке аз сабабҳои хушнудии Парвардигор аст, ки дар он тоат аз Аллоҳ ва пайравӣ аз фармудаҳои Ӯ Таъоло аст, зеро покӣ ва назофат худ аз амалҳои маҳбуби Худованд аст.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки намозҳои панҷгона, ва дар як ҳафта як маротиба намози ҷумъа ва дар як сол рӯза доштани моҳи Рамазон, кафорат ва поккунандаи гуноҳони сағира ҳастанд, ки банда дар ин миён анҷом медиҳад, ба ин шарт, ки аз гуноҳони кабира бипарҳезад. Аммо гуноҳони кабира, ба монанди зино ва шаробнӯшӣ ба ҷуз тавба пок намешаванд.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки касе ба таври комил робитаи хешовандиро ба ҷой меорад ва ба наздикони худ ба некӣ рафтор мекунад, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки некиро дар муқобили некӣ анҷом медиҳанд, балки касе, ки риштаи хешовандиро ба таври комил ба ҷой меорад дар ҳақиқат касе аст, ки чун дигарон робитаашон бо ӯро қатъ кунанд ӯ онро пайваста нигоҳ медорад, агар яке аз хешовандон ба ӯ бадӣ кунад ӯ дар муқобил ба некӣ посух медиҳад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ҳар касе моҳи рамазонро аз рӯи имон ба Аллоҳ ва бовар доштан ба фарзияти он ва аҷру подош, ки дар он Худованд барои рӯзадорон арзонӣ доштааст, рӯза бидорад ва ҳадафи ӯ танҳо барои Худо, на аз рӯи риё ва худнамоӣ, бошад, гуноҳони гузаштаи ӯ омӯрзида мешавад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди фазилати қиёми шаби қадр, ки дар даҳаи охири рамазон аст, хабар дода фармудааст, ки ҳар кӣ онро аз рӯи ихлосу имондорӣ ва огоҳ будан аз фазоили он ва бо умеди касби савоб, на барои худнамоӣ ва риё, бо намозу дуо ва зикру тиловати Қуръон сипарӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси мазкур як қоидаи умумиеро баён намуданд, ки дар шариати мо тамоми ашё ба се даста тақсим мешаванд: ҳалол, ки ошкору равшан аст ва ҳаром, ки низ ошкору равшан аст ва миёни ин ду ашёи дигар вуҷӯд, дорад, ки ҳалол ва ё ҳаром будани онҳо баён ва равшан нашудааст, ки он муштабиҳот номида мешавад ва бисёри аз мардум ҳукми онро намедонанд. Пас ҳар кас муштабеҳотро тарк намояд, дини худро аз воқеъ шудан дар ҳаром ҳифз кардааст ва обуруи худро аз сухани мардум дар мавриди инки ӯро ба хотири иртикоби муштабиҳот сарзаниш мекунанд, дар амон нигоҳ доштааст. Касе аз муштабеҳот дурӣ накунад, ё худро дар ҳаром андохтааст ё дар назди мардум беобрӯ шудааст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касеро, ки дар умури муштабеҳот воқеъ мешавад ба монанди чӯпоне ташбеҳ кардааст, ки чорвои худро атрофи замине мечаронад, ки марзбандӣ шудааст ва хавфи ворид шудани чорво ба онҷо аст. Пас ҳамин гуна ҳар касе кори шубҳанокеро анҷом диҳад, наздик ба ҳаром гашта хавфи ворид шудан ба онро дорад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки дар ҷисми инсон гӯштпорае аст, ки бо салоҳи он тамоми бадан ба салоҳ меояд ва бо фосид шудани он тамоми бадан фосид мешавад, ки он қалб аст.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҷилавгирӣ аз осеб ва зуҳуроти он ба худ ва бар дигарон лозим аст, ва барои касе ҷоиз нест бар худ ва на бар дигарон зарар бирасонад. Ҷоиз нест посухи зарар бо зарар бошад, зеро зарар бо расонидани зарар бартараф намешавад, магар аз роҳи қасос ва бидуни таъадӣ. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён доштанд, ки касе ба мардум зарар мерасонад зарар хоҳад дид, ва касе машақат бар мардум меорад машақат хоҳад дид.