





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад". Гуфтанд: Эй Расули Худо чи касе саркашӣ мекунад? Гуфт: "Ҳар касе аз ман итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе нофармонӣ кунад саркашӣ кардааст".
Al-BukhariПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳама уммати ӯ вориди биҳишт мешаванд, магар касе, ки худдорӣ кунад! Саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) гуфтанд: чи касе аз ворид шудан худдорӣ мекунад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: ҳар касе таслим шавад ва аз Паёмбар пайравӣ кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе саркашӣ кунад ва ба қонунҳои шариат таслим нашавад, бо сабаби корҳои бадаш аз ворид шудан ба биҳишт худдорӣ варзидааст.
Аз Абусаиди Худрӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: «Ҳар кӣ аз шумо кори зишт ва норавоеро дид, пас бояд онро бо дасташ бартараф созад, агар натавонад бо забонаш онро инкор кунад ва агар натавонад пас бо дилаш, ки он (инкор кардани бо дил) зинаи заъифтарини имон аст».
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) ба бартараф кардани кори зишт ва нораво, ба андозаи тавон, дастур додаанд, ки он иборат аст аз ҳар чизе, ки Худованд ва паёмбараш наҳй фармудаанд. Шахси мусалмон вақте кори зишт ва норавоеро мебинад, бояд ба қадри тавон онро тағйир диҳад. Агар аз бо даст тағйир додани он оҷиз бошад, пас бо забон онро манъ кунад, ӯро аз паёмад ва зарарҳои мункарот огаҳ сохта дар ивази он ҳарчи барои банда барояш дар он хайр аст, ҳидоят фармояд. Пас агар аз боздоштани он бо забон ҳам оҷиз омад, онро бо дилаш инкор кунад, ба гунае, ки агар қудрат ва тавони тағйир ва ё боздоштани аз онро медошт, ба таври ҳатмӣ онро анҷом медод. Тағйир ё худ инкор кардани мункар бо дил заъифтарин мартабаи имон дар тағйир додани кори зишту нораво аст.
Аз ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Марде пурсид: Эй Расули Худо: Оё барои ончи дар замони ҷоҳилият анҷом додаем, пурсида хоҳем шуд? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касе ки исломаш некӯ бошад - некӯӣ дар ислом ба маънои пойбанд будан дар дин ва тарки гуноҳон аст - ба ончи дар замони ҷоҳилият анҷом додааст бозхост нахоҳад шуд, (баробар аст, ки гуноҳ кабира бошад, монанди зино ва куштор, ё аз гуноҳони сағира (хурд)). Ва касе дар ислом муртакиби кори баде шуд (ва аз динаш баргардад), барои ончи дар ҷоҳилият ва ҳам барои ончи пас аз ислом оварданаш муртакиб шудааст, бозхост хоҳад шуд".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фазилат ва бузургии ислом пазируфтанро ин гуна баён медорад, ки ҳар касе ислом пазируфт, содиқона ва аз рӯи ихлос мусалмон шуд, аз ончи дар замони пеш аз ислом оварданаш муртакиб шудааст, пурсида нахоҳад шуд. Ва ҳар касе пас аз ислом пазируфтан кори баде анҷом дод, ба ин маъно ки мунофиқ бошад ё аз динаш баргардад, барои тамоми гуноҳони пеш аз ислом ва баъди мусалмон шуданаш бозхост ва ҷазо дода хоҳад шуд.
Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: оё ман агар намозҳои фарз (намозҳои панҷгона)-ро ба ҷо орам, моҳи рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол ва ҳаромро ҳаром бидонам, ва бар он чизеро зиёд накунам, оё бароям басанда аст аз аҳли биҳишт бошам? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Оре". Он мард гуфт: Қасам ба Аллоҳ чизеро бар он зиёд нахоҳам кард.
MuslimПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин ҳадиси муборак баён медорад, ки ҳар касе намозҳои панҷгонаро адо кунад, агарчи намозҳои нафлӣ нахонад, ва моҳи рамазонро рӯза дорад ва рӯзаи нафлӣ нагирад, ҳалолро ҳалол донад ва онро анҷом диҳад ва ҳаромро ҳаром донад ва аз он дурӣ ҷуяд, дохили ҷаннат хоҳад шуд.
Аз Абумолики Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: «Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро пур мекунанд. Намоз нур аст, садақа бурҳон аст, сабр равшанӣ аст ва Қуръон далел (ҳуҷҷат)-е аст барои ту ё бар алайҳи ту. Ҳамаи мардум субҳ (аз хона) берун мешаванд, дар ҳоле ки нафси худро фурӯхтаанд, пас он (яъне нафси худ)-ро ё озод кардаанд ва ё ҳалок сохтаанд».
MuslimПаёмбар (Дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки таҳорат ва покии зоҳирӣ бо обдаст ва ғусл ба даст меояд, ки он худ яке аз шартҳои намоз аст. Инки Паёмбари Худо гуфтанд: "Алҳамду лиллоҳ тарозуро пур мекунад" сано гуфтан ба Парвардигор ва тавсифи Ӯ Таъоло ба сифатҳои камол аст, ки чун рӯзи қиёмат ба тарозу гузошта мешавад тарозуи аъмолро пур мекунад. Ва гуфтани "Субҳоналлоҳ ва Алҳамду лиллоҳ" ба маънои пок ва муназзаҳ донистани Худованд аз ҳамагуна нуқсон аст, ва васфи Ӯ Таъоло ба тамоми сифатҳои комил, ки танҳо сазовори бузургӣ ва ҷалоли Ӯст ва бо доштани муҳаббат ва бузургдошти Худованд, миёни осмон ва заминро пур мекунад. "Намоз нур аст" намоз барои банда нуре аст дар дил, дар чеҳра, дар қабр ва дар рӯзи қиёмат. "Садақа бурҳон аст", садақа далиле аст бар сидқи имони муъмин ва тафовути ӯ аз мунофиқ, ки аз садақа додан худро бозмедорад, зеро ба савоби он бовар надорад. Ва "Сабр равшанӣ аст" - яъне худдорӣ аз тарс ва норизоятӣ- он нурест, ки бо худ гармӣ ва сӯзиш дорад, ҳамоно монанди нури офтоб, зеро он душвор аст ва ниёз ба худдорӣ аз хоҳишотро дорад. Аз инҷост, ки соҳибсабр ҳамеша дар равшанӣ ва дар роҳи дуруст аст. Сабр худ, собир будан дар тоъати Худованд ва дур будан аз маъсияти Ӯ Таъоло ва сабр дар мушкилот ва мусибатҳои дунявӣ аст. "Қуръон ҳуҷҷат барои (ба фоидаи) ту аст", яъне бо тиловат кардану амал кардан ба он. Ва "Ҳуҷҷат аст бар алайҳи ту" яъне тарк кардани тиловат ва амал накардан ба он. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки мардум ҳама аз хоб бедор шуда ба мақсади анҷоми корҳои худ аз хона берун мешаванд. Сипас бархе роҳи ростро интихоб намуда худро аз оташи дӯзах наҷот медиҳанд ва бархеи дигар аз роҳи рост мунҳариф гашта бо анҷоми гуноҳон худро сазовори дӯзах мегардонанд.
Аз Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар маркабе ки Уфайр ном дошт, нишаста будам. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: "Эй Муъоз оё медони ҳаққи Худованд бар бандагонаш ва ҳаққи бандагонаш бар Худованд чист? Гуфтам: Худованд ва Паёмбараш хубтар медонанд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳаққи Худованд бар бандагонаш он аст, ки Ӯро ибодат кунанд ва чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро дар ҳоле,ки ба Ӯ таъоло шарик қоил нашудаанд азоб надиҳад". Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) мегӯяд: гуфтам эй Расули худо! Оё мардумро мужда надиҳам? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Башорат надеҳ, ки онҳо ба ин такя (ва танбалӣ) мекунанд".
Al-Bukhari and MuslimПаёмбари Худо ҳаққи Худованд бар бандагон ва ҳаққи бандагон бар Худовандро ин гуна баён медоранд: ҳаққи Худованд бар бандагон он аст, ки Ӯро танҳо ибодат кунанд ва касеро бо Ӯ Таъоло шарик қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки касе аз онҳоро, модом ба Худованд касеро шарик қарор намедиҳанд, азоб надиҳад. Сипас Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: эй Расули Худо! Оё мардумро мужда надиҳам, то аз ин хушхабар хушҳол шаванд? Аммо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро аз мужда додан боздоштанд, то мардум ба он такя накунанд, (яъне дар ибодат ва амал кӯтоҳӣ накунанд).
Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва пурсид: Эй Паёмбари Худо! Он ду воҷиб кадомҳоянд? Паёмбар фармуданд:" Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наовардааст, вориди биҳишт мешавад, ва ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик қоил бошад вориди дӯзах хоҳад шуд".
MuslimМарде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ду хислат, ки яке инсонро ба биҳишт ва дигаре ба дӯзах мебарад чист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар посух ба ӯ гуфтаанд: Хислате, ки инсонро ба биҳишт мебарад ин аст, ки банда дар ҳоле бимирад, ки танҳо Худовандро ибодат кунад ва касеро бо Ӯ шарик қарор надиҳад. Аммо хислате ки инсонро ба дӯзах мебарад, ин аст, ки ӯ дар ҳоле мемирад, ки ба Худованд чизеро шарик қарор медиҳад, барои Худованд дар улуҳият, рубубият ва номҳо ва сифатҳои Ӯ Таъоло монанд ва шарик қоил шавад.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд рӯзи қиёмат мардеро аз уммати ман дар баробари мардум ихтиёр намуда барои ӯ навадунуҳ китоб (саҳифаро)-ро мекушояд, ки дарозии ҳар саҳифаи он то ҷое ки чашм мебинад, (масофае ки чашми инсон мерасад) паҳн карда шуда аст. Сипас Худованд мефармояд: оё чизе аз ин навиштаҳоро инкор мекунӣ? Оё котибони ман ба ту зулм кардаанд? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигор. Сипас Худованд мегӯяд: оё ягон узре дори? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигор. Сипас Худованд мегӯяд: аммо ту назди Мо (яъне дар номаи аъмолаш) як ҳасана (некӣ)-е дорӣ ва имрӯз бароят зулме раво дошта намешавад. Сипас порчае аз коғазеро меоранд, ки дар он навишта шудааст: Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу. Ба ӯ гуфта мешавад: ба назди тарозуят биё, мегӯяд: Парвардигоро ин баргаи коғаз дар баробари он саҳифаҳо чи ҳисоб мешавад ва чи вазн дорад? Худованд мегӯяд: ба ту зулму ситам нахоҳад шуд. Сипас он саҳифаҳо дар як паллаи тарозу гузошта мешаванд ва баргаи коғаз дар паллаи дигар, ва он саҳифаҳо ба ҳар тараф пароканда мешаванд ва паллае ки бар он барга гузошта шудааст вазнинӣ мекунад. Чизе дар баробари номи Аллоҳ вазнинтар аз он нест".
At-TirmidhiПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медоранд, ки рӯзи қиёмат Худованд мардеро аз миёни умматаш барои ҳисоб ва бозхост дар ҳузури мардум интихоб мекунад. Назди ӯ 99 саҳифа гузошта мешавад, ки иборат аз амалҳои бади ӯ дар дунё ҳастанд ва дарозии ҳар як саҳифа ба андозаи масофаи дидани чашм аст. Худованд ба он мард хитоб фармуда мегӯяд: оё чизе аз навиштаҳои ин китобҳоро инкор мекунӣ? Оё фариштаҳои нависанда зулме барои ту раво дидаанд? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигори ман. Худованд мегӯяд: оё барои амалҳое, ки дар дунё анҷом додаи узр ва баҳонае дорӣ? Хоҳ аз сабаби фаромӯшӣ, иштибоҳ ё нодонӣ? Он мард мегӯяд: не эй Парвардигори ман, ҳеҷ узр ва баҳонае надоштам. Аммо Худованд мегӯяд: балки назди мо ҳасана (некӣ)-е аз шумо вуҷӯд дорад, ки имрӯз ба сабаби он ба шумо ситам нахоҳад шуд. Сипас баргае ба ӯ нишон дода мешавад, ки дар он навишта шудааст: Гувоҳӣ медиҳам нест худое барҳақ магар Аллоҳ, ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Худост. Сипас Худованд ба он мард мегӯяд: тарозуи худро биёр. Он мард бо таъаҷҷуб мегӯяд: Парвардигорам! Ин барга дар баробари ин ҳама саҳифаҳо чи вазне дорад? Худованд мегӯяд: Имрӯз бар ту зулм нахоҳад шуд. Гуфт: саҳифаҳо (амалҳои бади ӯ) дар як паллаи тарозу ва он барга (амали нек, калимаи шаҳодат) дар паллаи дигари тарозу гузошта мешавад, ки он сангинтар аз тамоми саҳифаҳо бармеояд ва мавриди мағфирати Парвардигор қарор мегирад.
Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят мекунад, ки фармуданд: "Вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид, Ҷибраил (Алайҳис-салом) -ро ба биҳишт фиристод ва ба ӯ гуфт: биҳишт ва ончи барои бошандагони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) биҳиштро дид ва баргашту гуфт: савганд ба иззати Ту ҳар касе сифати онро шунавад шефтаи он мешавад. Сипас Худованд фармуд то атрофи он бо сахтӣ ва душвориҳо печонида шавад. Боз Худованд ба Ҷабраил гуфт: бирав биҳишт ва ончи барои сокинони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба биҳишт назар кард ва дид, ки атрофи он бо сахтиҳо ва мушкилот печонида шудааст, гуфт: ба иззати Ту қасам, аз он метарсам, ки касе ба онҷо дохил нашавад. Худованд гуфт: бирав дӯзах ва ончи барои сокинони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба дӯзах назар кард, дид оташ болои ҳам аланга мезанад, баргашт ва гуфт: ба иззати Ту қасам касе ба он дохил намешавад. Худованд амр фармуд то атрофи он бо шаҳват ва ҳавову ҳавасҳо печонида шавад. (Худованд) гуфт: баргард ва ба он назар кун. Ҷабраил дид дӯзах бо шаҳват ва ҳавову ҳавасҳо печонида шудааст, баргашт ва гуфт: Қасам ба иззати Ту метарсам касе аз он наҷот нахоҳад ёфт".
Abu DawoodПаёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид Ҷибраил (Алайҳис-салом)-ро гуфт: бирав ва ба он назар кун, чун Ҷибраил (Алайҳис-салом) биҳиштро дид, баргашт ва гуфт: эй Парвардигори ман! Ҳар касе аз биҳишт ва фаровонии неъмат ва хайроти он бишнавад, ҷуз ин нест, ки дӯст медорад вориди биҳишт шавад ва барои дохил шудан ба он амал мекунад. Сипас Худованд биҳиштро бо мушкилоту машаққатҳо, аз ҷумла бо анҷоми дастурот ва иҷтиноб аз мункарот, иҳота фармудааст. Ҳар касе мехоҳад ба онҷо ворид шавад бояд он машаққат ва сахтиҳоро убур кунад. Пас аз онки биҳишт ба машаққату сахтиҳо иҳота шуд, Худованд ба Ҷибраил (Алайҳис-салом) гуфт: бирав ва ба он як назар кун. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба биҳишт назар афканду баргашт ва гуфт: эй Парвардигори ман! Қасам ба иззати Ту машаққат ва мушкилоте, ки дар роҳи расидан ба он гузошта шудааст, метарсам касе ба онҷо дохил нахоҳад шуд. Чун Худованд дӯзахро офарид, ба Ҷибраил (Алайҳис-салом) гуфт: бирав ва ба он як назар кун. Пас аз онки Ҷибраил аз онҷо баргашт, гуфт: эй Парвардигори ман! Қасам ба иззати Ту, ҳар касе аз азобу шиканҷа ва машаққатҳои он бишнавад, аз амалҳое, ки сабаби ворид шудани банда ба онҷо мешавад, дар гурез хоҳад буд. Баъд аз онки Худованд ҳавас ва шаҳавотро дар роҳи расидан ба дузах қарор дод, ба Ҷибраил гуфт: бирав ва ба он як нигоҳ кун. Ҷибраил (Алайҳис-салом) пас аз онки аз онҷо баргашт, гуфт: Эй Парвардигори ман! Қасам ба иззати Ту, аз он метарсам, ки касе аз он наҷот нахоҳад ёфт, чун роҳи расидан ба он ҳавову ҳавас ва шаҳавот аст.