





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд. Ва ба таъкид хостам, ки амр намоям то намоз барпо шавад, сипас ба яке аз мардон амр кунам барои мардум намоз бихонад, сипас ҳамроҳ бо мардоне, ки бастаҳое аз ҳезум ба ҳамроҳ доранд ба сӯйи ақвоме биравам, ки барои намози ҷамоат ҳозир намешаванд, то хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонам."
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи мунофиқон ва танбалии онон аз ҳозир шудан дар намоз, ба хусус дар намозҳои хуфтан ва бомдод хабар доданд. Ва ин ки агар миқдори аҷру савоби ҳозир шудан дар ин намозҳо ҳамроҳ бо ҷамоати мусалмононро медонистанд, ҳатто монанди кӯдакон хазида бар дасту зону дар ин намозҳо ҳозир мешуданд. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тасмим гирифт, ки амр кунад то намозро барпо кунанд ва ба ҷои худ мардеро имом интихоб кунад ва сипас худ бо бастаҳои аз ҳезум ба сӯи мардоне биравад, ки дар ҷамоат ҳозир намешаванд ва хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонанд. Ва ин ба сабаби сахтии гуноҳе буд, муртакиб мешуданд. Аммо эшон чунин накарданд, зеро дар ин хонаҳо занону кӯдакони бегуноҳ ва дигар касоне ҳастанд, ки узр доранд ва гуноҳе надоранд.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Модоме ки шуморо раҳо кардаам (ва амре накардаам) манро (бо ҳамон масоиле, ки ба шумо мегӯям) раҳо кунед (ва дар бораи масоили ногуфта напурсед). Зеро умматҳои гузаштаро суоли зиёд ва мухолифат бо паёмбаронашон ба ҳалокат расонд. Бинобар ин ҳаргоҳ шуморо аз чизе боздоштам, аз он дурӣ намоед ва чун шуморо ба анҷоми коре дастур додам, то ҷое, ки метавонед ба он амал кунед".
متفق عليهПаёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳукмҳои шаръӣ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: Он чи дар борааш сукут шудааст, наҳйҳо ва амрҳо. Аммо аввал: Он чизе аст, ки шаръ дар борааш сукут кардааст, яъне ҷое, ки ҳукм надорад ва асл дар ҳар чиз адами вуҷуб аст. Дар даврони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) воҷиб он буд, ки дар бораи он чизе, ки рух надодааст, пурсида нашавад, аз бими он ки мабодо дар бораи он воҷиб ё таҳрим нозил нашавад. Зеро Аллоҳ Таъоло онро аз рӯйи раҳматаш барои бандагонаш тарк кардааст. Аммо баъд аз вафоти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) агар суол дар шакли фатво ё таълими чизе, дар амри дин лозим бошад, ҷоиз аст, балки ба ин пурсиш амр шудааст. Аммо агар пурсиш аз рӯӣ сахтгирӣ ва такаллуф бошад, ин ҳамон пурсише аст, ки дар ҳадис аз он наҳй шудааст. Зеро ин метавонад сабаби он чизе шавад, ки ба Банӣ Исроил рӯй дод. Вақте ки ба забҳи модагове амр шуданд, агар ягон говро забҳ мекарданд, корашон ба охир расида буд, аммо онон сахтгирӣ карданд ва бар онон сахт гирифта шуд. Дувум: Наҳйшудаҳо, яъне ҳар ки онҳоро тарк кунад савоб мегирад ва касе онҳоро тарк накунад муҷозот мешавад. Пас, бояд аз ҳамааш дурӣ кард. Севум: Фармудаҳо, яъне он чизҳоест, ки анҷом диҳандааш савоб мегирад ва тарк кунандааш муҷозот мешавад. Пас, бояд ба андозаи тавоноӣ анҷомаш дод.
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар ки дар ин амри мо (дини мо) чизеро биёварад, ки аз он нест, он (чиз) пазируфта намешавад". Муттафақун алайҳи. Ва дар ривояти Муслим омадааст: "Ҳар ки коре анҷом диҳад, ки амри мо бар он нест, он (кор) мардуд аст".
متفق عليهПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе дар дин кори наве ихтироъ кунад ё коре анҷом диҳад, ки аз Қуръон ва Суннат далеле надошта бошад, он кор ба соҳибаш рад карда мешавад ва назди Аллоҳ пазируфта намешавад.
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳар кӣ худро ба қавме монанд бисозад, аз зумраи онон аст".
رواه أبو داود وأحمدПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе худро ба қавме аз кофирон, фосиқон ва ё солеҳон монанд кунад - бо анҷом додани амале, ки аз назари эътиқод, ибодат ё расму ойин хоси онҳост - пас ӯ яке аз онҳост. Зеро ташбеҳ кардан дар зоҳир ба онҳо, ба монанди онҳо будан дар ботин аст. Шакке нест, ки тақлид аз як қавм аз ҳавас бармеояд ва метавонад боиси дӯст доштан ва ситоишу майл кардан ба онҳо шавад, ҳамон гуна, ки метавонад инсонро ҳатто дар ботин ва ҳам дар ибодат ба монанд шудан ба онҳо водор созад. - Худо аз он нигоҳ дорад -.
Аз Абуаюби Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: "Барои як мусалмон ҷоиз нест бештар аз се рӯз бо бародари мусулмонаш қаҳрӣ бимонад, вақте бо ҳам вомехуранд аз ҳамдигар рӯй мегардонанд ва беҳтарини онҳо ҳамон аст, ки бо салом гуфтан оғоз мекунад".
متفق عليهПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қаҳрӣ кардан бо бародари мусалмони худ бештар аз се рӯз наҳй кардаанд, яъне чун бо ҳам вомехӯранд салом намедиҳанд ва сухан намегӯянд. Беҳтарини ин ду ҳамоне аст, ки барои аз байн бурдани хусумат талош меварзад, дар салом додан сабқат мекунад. Мақсуд аз қаҳр инҷо ҳамон хусумат дар мавриди масоили шахсӣ аст, аммо қаҳр будан дар мавриди ҳуқуқи илоҳӣ, монанди қаҳр будан бо гунаҳкорону бидъаткор ва дӯстони бад маршрут ба вақт нест, балки вобаста ба тарки он ва бо ҳам омадан аст.
Аз Абусирма (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ ба касе зиён бирасонад, Аллоҳ бар ӯ зиён мерасонад ва ҳар кӣ сахтгир бошад, Аллоҳ бар ӯ сахтгир аст".
رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمدПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳушдор додааст, ки касе бар мусалмоне зиён мерасонад ва ё болои ӯ машаққат меорад, чи бар ҷонаш бошад ё дар молаш ва ё бар хонаводааш, Аллоҳ ӯро аз ҷинси амале ки кардааст подош ва ҷазо медиҳад.
Аз Абумусо (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад". Сипас ин ояти каримаро қироат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости ӯ дарднок ва сахт аст". (Ҳуд 102)"
متفق عليهПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз фурӯ рафтан дар гуноҳу маъосӣ ва ширк ва зулму ситам дар ҳаққи мардум ҳушдор додааст. Аллоҳ Таъоло ба золим муҳлат медиҳад ва бозхости ӯро ба таъхир меандозад, умрашро тулонӣ ва ба ӯ моли зиёд медиҳад ва дар уқубати ӯ шитоб намекунад. Пас агар тавба накард, ӯро ба муҷозот мегирад ва ба сабаби зулми зиёд, ки анҷом додааст дигар раҳояш намекунад. Сипас Паёмбари Худо ин сухани Аллоҳро тиловат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости Ӯ дарднок ва сахт аст". (Сураи Ҳуд: 102)"
Аз Абуҳайёҷи Асадӣ ривоят аст, ки гуфт: Алӣ ибни Абӯтолиб ба ман гуфт: Оё туро ба коре нафиристам, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) маро барои анҷоми он фиристода буд? Инки ҳеҷ муҷассамаеро боқӣ нагузорӣ ва ҳар қабри баландро дидӣ онро ҳамвор созӣ.
رواه مسلمПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ёрони худро мефиристод, то ҳар куҷо муҷассамае ҳаст онро аз байн бибаранд, муҷассама ҳар сурате аст, ки дар он чизи ҷондор тасвир шудааст, хоҳ он ба шакли ҳайкал бошад ё ба шакли дигар. Ҳар куҷо қабри баландро диданд онро ҳамвор кунанд ва биное, ки болои он аст хароб кунанд, ё онро ба андозае ҳамвор кунанд, ки на бештар аз як ваҷаб баланд бошад.
Аз Имрон ибни Ҳусайн (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳар кӣ фолбинӣ кунад ё назди фолбин биравад, ғайб ва пешгӯӣ кунад ё назди касе биравад барояш пешгӯӣ кунад, ё ҳар касе сеҳр кунад ва ё назди соҳир биравад, аз мо нест, ва ҳар касе назди коҳин биравад ва ӯро тасдиқ кунад, пас ба он чи бар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шудааст, куфр варзидааст".
رواه البزارПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касоне аз уммати худро, ки баъзе аз аъмоли зерро анҷом медиҳанд бо лафзи "Аз мо нест" таҳдид кардаанд, аз ҷумла: Якум: "Ҳар кӣ фолбинӣ кунад ё касе фоли ӯро бинад". Вожаи фол дар ин ҳадис бо лафзи "Татайюр" омадааст, татаюр аз решаи тайр (паранда) аст. Сарчашмаи ин амал раҳо кардани парранда ҳангоми анҷоми коре буд, ба монанди сафар кардан, тиҷорат ва ғайра, ки агар парранда ба тарафи рост парвоз кунад фоли нек аст ва агар ба тарафи чап парвоз кунад фоли бад аст ва аз анҷоми он худдорӣ мекунад. Анҷоми ин амал, чи худ онро анҷом диҳад ё касе дигар барои ӯ анҷом диҳад, ҷоиз нест. Ҳукми мазкур шомили тамоми фолбиниҳост, хоҳ аз шунидаҳо бошад ё аз диданиҳо, ё паррандаҳо ва ё ҳайвонот, ё одамони маъюб бошад ва ё бо адади хоссе ё рӯзҳои ҳафта. Дуввум: "Ҳар касе ғайбгӯӣ кунад ё касе барои ӯ пешгӯӣ ва ғайбгӯӣ кунад", яъне ҳар кӣ бо истифода аз ситораҳо ва ё чизҳои дигар иддиои илми ғайбро кунад, ё ба назди касе, равад, ки муддаъии илми ғайб аст, ба монанди фолбин ё коҳин ва ё монанди онҳо ва сухани ӯро тасдиқ кунад, ба ончӣ бар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шудааст, куфр варзидааст. Севвум: "Ҳар касе ҷоду кунад ва ё ба назди ҷодугар равад", яъне касе ба сеҳру ҷоду машғул аст, ё ба назди ҷодугар меравад то бо воситаи ҷоду ба касе суд ва ё зиён бирасонад ва ё рахҳоеро гиреҳ баста бар онҳо таъвиз ва тилисмҳои ҳаромро хонда дам меандозад.