Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way






























Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) уммати худро ба парҳезгорӣ ва паноҳгоҳи судманд ҳидоят мекунад, ҳар кас бояд ба он аз хатаре, ки ҳангоми истиқрор дар ҳар ҷое аз рӯӣ замин битарсад, хоҳ дар мусофират бошад ё дар саёҳат ва ё дар ғайра, ба калимаҳои комили Аллоҳ, ки дар фазлу баракат ва судмандӣ комил ва аз ҳар айбу нуқсон солим аст, аз шарри ҳар махлуқот, ки дар он шарр аст паноҳ бибарад, дар натиҷа то замоне дар он манзилгоҳ аст, аз ҳар озоре дар амон бимонад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки имони мусалмон комил намешавад, то инки муҳаббати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бар муҳаббати модар, падар, писару духтар ва тамоми мардум муқаддам бидорад. Муҳаббати Паёмбар итоат ва пуштибонӣ аз ӯ ва тарки маъсиятро тақозо мекунад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармоянд, ки зикри Аллоҳ Таъоло бо ин калимоти бузург аз дунё ва ҳар ҳарчи дар он аст беҳтар аст, ки иборатанд аз: "Субҳоналлоҳ": Пок донистани Аллоҳ аз ҳамагуна камбудӣ ва нуқсон. "Алҳамдулиллоҳ" Ҳамду ситоиши Аллоҳ бо сифатҳои комилаш ва муҳаббату бузургдошти Ӯ Таъоло. "Ло илоҳа иллаллоҳ": Нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ. "Аллоҳу акбар" бузургтару бартар аз ҳама чиз.
Умар (Худованд аз ӯ розӣ бод) хабар медиҳад, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ононро аз ҳар ончи такаллуф (машаққат ва сахтӣ) меорад, бидуни онки ниёзе ба он бошад, чи дар гуфтор ва чи дар амал, наҳй фармуданд.
Умар ибни Абусалама, писари ҳамсари Паёмбар, Умми Салама (разияллоҳу анҳумо), ки таҳти тарбият ва сарпарастии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қарор дошт, хабар медиҳад, ки дар вақти таом хӯрдан дасташ дар табақи таом ба ҳар тараф мерафт, то ин ки ғизоро бигирад (аз пеши худаш намехӯрд), пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) се одоб аз одобҳои таом хӯрданро барояш ёд доданд: Якум: "Бисмиллоҳ" (Ба номи Аллоҳ) гуфтан дар оғози таом. Дувум: бо дасти рост хӯрдан. Севум: хӯрдан аз ҷое, ки таом наздики ӯ аст.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр намудааст, ки мусалмон бо дасти росташ бихӯрад ва бинӯшад. Ва аз хӯрдану нӯшидан бо дасти чап наҳйи кардаанд, зеро шайтон бо дасти чап мехӯрад ва менӯшад.
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи некӣ ва гуноҳ пурсида шуд, фармуданд: Бузургтарин хусусиятҳои некӣ ахлоқи нек ва бо тақво ба Аллоҳ Таъоло аст. Ва бо мардум, бо таҳаммули озор, камхашмӣ, чеҳраи кушода, сухани нек, силаи раҳм, итоат, хубӣ кардан, меҳрубонӣ, некӯкорӣ, ҳамзистии хуб ва дӯстии шоиста аст. Аммо гуноҳ чизе аст, ки дар дил шубҳа ва нооромӣ эҷод мекунад. Ва он аз корҳое аст, ки инсон худ дар дилаш ба он шак дорад ва дилаш нисбат ба он осуда нест ва метарсад, ки гуноҳ бошад. Ва намехоҳад, ки он дар назди касе ошкор шавад, зеро дар назари мардумони бо обрӯ зишт менамояд. Зеро нафси инсон зотан дӯст медорад, ки мардум аз корҳои неки ӯ огоҳ шаванд. Пас, агар касе нахоҳад дигарон аз коре, ки анҷом додааст, бохабар шаванд, маълум мешавад, ки он кор гуноҳ аст ва хайре дар он нест.
Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки яке аз васиятҳое, ки аз паёмбарони пешин омадааст ва мардум онро дар байни худ паҳн намуда, аз насл ба насл мерос гирифтаанд, то ба аввали ин уммат расидааст, чунин аст: Ба он чи мехоҳӣ анҷом диҳӣ, назар кун, агар он чизе бошад, ки анҷом доданаш сабаби шарму ҳаё нагардад, пас анҷомаш деҳ, аммо агар амале бошад, ки анҷом доданаш сабаби шарму ҳаё гардад, пас онро тарк кун. Зеро шарму ҳаё монеи асосии анҷоми корҳои зишту нораво аст. Ҳар касе, ки ҳаё надошта бошад, ба ҳар гуна фаҳшо ва амали зишт гирифтор мешавад.
Ибн Умар (разияллоҳу анҳумо) ёдовар мешавад, ки Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз шона (пайванди бозуву шона)-и ӯ гирифт ва фармуд: "Дар дунё монанди ғариб бош." Яъне, мисли касе бош, ки ба шаҳре омада, ки на хона дорад дар он паноҳ барад, на дӯстоне, ки ӯро дилбардорӣ кунанд. Аз хешу ақрабо, фарзандону наздикон дур, зеро маҳз ҳамин чизҳоянд, ки инсонро аз Парвардигораш машғул месозанд, Балки аз ғариб ҳам шадидтар бош, монанди мусофире, ки роҳро тай мекунад, дар роҳ аст ва ба ватани аслиаш меравад. Зеро шахси ғариб мумкин аст дар кишвари бегона иқомат кунад ва худро ҷо кунад. Аммо мусофир, ки танҳо аз роҳ мегузарад ва қасди расидан ба манзили худро дорад, чунин нест. Балки мақсади ӯ сабукӣ овардан ва зудтар ба ватани аслиаш расидан аст, на таваққуф ва истиқомат кардан. Ҳамин тавр ки мусофир ба чизе беш аз он чи ки ӯро то охири роҳ мерасонад, эҳтиёҷ надорад, муъмин низ дар дунё ба чизе беш аз он чи ки ӯро ба охират мерасонад, ниёз надорад. Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ба ин васияти Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амал мекард ва мегуфт: "Ҳангоме ки саҳар кардӣ, интизори шаб машав; ва ҳангоме ки шаб кардӣ, интизори саҳар машав. Ва худро аз аҳли қабрҳо бишмор". Зеро умр ҳамеша дар ҳолати тағйир аст, гоҳе сиҳатӣ, гоҳе беморӣ ва инсон намедонад кай умраш ба поён мерасад. Пас дар рӯзҳои сиҳатият ба тоату ибодат талош кун, пеш аз он ки беморӣ монеи амали солеҳ гардад. Дар дунё зиндагиатро ғанимат шумор ва барои худ он чизеро ҷамъоварӣ ва захира кун, ки баъд аз маргат бароят судманд бошад.