Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way






























Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
Усмон (разияллоҳу анҳу) ба тариқи амалӣ моҳияти таҳорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро таълим додааст, то ин ки возеҳтару равшантар бошад. Ӯ зарфи об хост ва се бор ба дастонаш об рехт, баъд аз он дасти росташро ба коса андохта аз он об гирифт ва дар даҳонаш андохта даҳонашро обгардон карда обро берун андохт, сипас обро ба даруни биниаш фурӯ бурда ва боз берун рехт, сипас рӯяшро се бор шуст ва баъд аз он дастонашро то оринҷ се бор шуст, сипас дастони тари худро якбор бар сараш кашид ва масҳ кард ва дар охир пойҳояшро то буҷулак се бор шуст. Ҳангоме ки таҳораташро ба охир расонид, ба онҳо гуфт, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидааст, ки чунин таҳорат карданд ва ононро башорат доданд, ки ҳар кас монанди ин таҳорат кунад ва бо дили ҳозир ва хошеъона дар баробари Аллоҳ ду ракаъат намоз гузорад, Аллоҳ барои ин таҳорати комил ва намози холисонааш гуноҳони гузаштаи ӯро меомурзад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳукми дашном ва носазо гуфтан ба мурдагон ва таън бар обрӯйи ононро баён фармуда ин амалро берун аз ахлоқи мусалмон донистаанд, зеро онон ба натиҷаи аъмоли худ - чи хуб буд ва ё бад - расидаанд ва бадгӯӣ ба онон намерасад балки он танҳо як озор ба зиндагон аст.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки ҳар касе намози бомдодро бихонад зери ҳимояти Аллоҳ қарор дорад, ӯро дар паноҳаш мегирад ва ёриаш медиҳад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз шикастани ин аҳду паймон ҳушдор доданд, ё бо тарки намоз субҳ бошад ва ё бо дарафтодан ба касе ки намози субҳро адо намудааст. Ҳар кас ин корро анҷом диҳад аҳдро зер пой гузошта сазовори ҷазои сахт аст, яъне Аллоҳ ӯро дар бораи ҳаққаш мутолаба мекунад ва касе ки Аллоҳ ҳаққашро аз ӯ талаб кунад мавриди гирифтори шадиди Ӯ Таъоло гардида бар рӯяш дар оташи дӯзах меафканад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки садақа молро кам намекунад, балки офат ва бадиҳоро дур месозад ва Худованд дар ивази он ба ӯ хайри бузург медиҳад, пас дар садақа афзоиш аст, на коҳиш. Бахшиш дар ҳоли қодир будан барои бозхост ё интиқом, чизе ҷуз қувват ва иззатро намеафзояд. Касе на барои тарс аз касе ва на барои мадоро бо касе ва на барои манфиатталабӣ ва танҳо барои ризои Худованд фурӯтанӣ мекунад Ӯ Таъоло ба ӯ ҷойгоҳи баланд ва иззат медиҳад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки имони касоне комилтарин аст, ки ахлоқи нек доранд, яъне бо чеҳраи кушода ҳастанд, амалҳои нек анҷом медиҳанд, хушзабон ҳастанд ва ба касе озори онҳо намерасад. Беҳтарини муъминон ононе ҳастанд, ки беҳтарин барои занони хонаводаи худ ҳастанд , яъне: барои ҳамсарон, духтарон, хоҳарон ва дигар занони наздики худ, зеро онҳо аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки сазовори бархурд бо равиши неканд.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки дунё ва он чи дар он аст, гузаро ва барои баҳра бурдан барои як замони кӯтоҳ ва муаян аст ва аз ҳама беҳтарини ин неъматҳо зани покдоман аст, ки чун мард ба ӯ назар кунад хушҳолаш кунад, ва чун фармонаш диҳад фармонбардорӣ кунад ва чун дар хона набошад худ ва молашро ҳифз мекунад.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят мекунад, ки Худованди Мутаъол фармуд: Эй фарзанди Одам, инфоқ кун - аз нафақаҳои фарзӣ ва мустаҳаб - ва Ман дар ивази он ба ту фаровонӣ медиҳам ва дар он бароят баракат мефармоям.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки муҳимтарин ва сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки ба сабаби он лаззат бурдан аз зан ҳалол мешавад, яъне ҳамон шартҳои мубоҳи никоҳ, ки зан дар ақди никоҳи худ талаб кардааст.
Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз саломи ҳар намози мафруза ин зикри бузургро мегуфтанд, ки маънояш чунин аст: "Ло илоҳа иллаллоҳ": яъне нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ. "Ваҳдаҳу ло шарика лаҳу" : Ӯ дар Улуҳият ва Рубубият ва номҳо ва сифатҳояш ҳеҷ шарике надорад. "Лаҳул-мулк" : Фармонравоии мутлақу умумӣ ва фарогир ва фармонравоии замину осмонҳо ва ончи миёни онҳост, азони Ӯст. "Ва лаҳул-ҳамд": яъне Ӯ Таъоло мавсуф ба камоли мутлақ аст, Ӯ дар ҳама ҳолат, дар хушӣ ва дар сахтӣ, бо эҳтироми комил ва аз рӯи муҳаббат ва бузургдоштӣ васф карда мешавад. "Ва Ҳува ъало кулли шайъин қадир": Қудрати Ӯ Таъоло аз ҳар нигоҳ комил аст, ҳеҷ чиз Ӯро нотавон намесозад ва ҳеҷ ғайри имконе баро Ӯ вуҷуд надорад. "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ": Ҳеҷ тағйир ва дигаргунӣ аз як ҳолат ба ҳолати дигар нест, ҳеҷ роҳе аз маъсияти Аллоҳ ба сӯи итоати Ӯ нест ва ҳеҷ қудрате нест магар ончи ба дасти Ӯст, Ӯ мададгор ва таваккули мо танҳо ба Ӯ Таъолост. " Ло илоҳа илло Аллоҳ, ва ло наъбуду илло ийоҳу": инҷо таъкид бар улуҳият ва инкори ширк аст ва инки ҷуз Ӯ Таъоло касе сазовори парастиш нест. "Лаҳун-неъмаҳ ва лаҳул-фазл": Ӯст Офаридгор ва соҳиби неъмат, ба ҳар кӣ аз бандагонаш бихоҳад медиҳад. "Ва лаҳус-саноул-ҳасан": Ҳамд ва ситоиши нек бар зоту сифот ва афъолу неъматҳои Ӯ Таъолост. "Ло илоҳа иллаллоҳ мухлисина лаҳуд-дин": Ӯро ягона медонем ва дар тоати Аллоҳ риё ва худнамоӣ намекунем. "Ва лав кариҳал-кофирун": Бар тавҳиди Аллоҳ ва ибодати Ӯ собитқадам ҳастем, агарчи кофиронро хуш наояд.