





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хутбаи ҳоҷатро ба мо омӯхт: Ҳамоно, ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст, мо аз Ӯ ёрӣ ва омӯрзиш мехоҳем ва аз шарру бадии нафсҳоямон ба Ӯ паноҳ мебарем, Ҳар касеро Аллоҳ ҳидоят кунад, барои ӯ гумроҳкунандае нест ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, барояш ҳидояткунандае нест, ва гувоҳӣ медиҳам, ки нест илоҳи барҳақ магар Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад бандаи Ӯ ва фиристодаи Ӯ Таъоло аст. (Эй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед [битарсед], [ҳамон зоте] ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро [низ] аз ӯ офарид ва аз [насли] он ду мардону занони бисёре пароканд. Ва аз Парвардигоре, ки ба [номи] Ӯ аз якдигар дархост мекунед, парво [тақво] намоед ва аз [гусастани] пайванди хешовандӣ бипарҳезед. Бе гумон, Аллоҳ Таъоло ҳамвора муроқиб [-у нигаҳбони] шумост.) (Сураи Нисо: 1). ( Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло – он гуна ки шоистаи парво кардан [тарсидан] аз Ӯст – парво кунед [битарсед] ва ҷуз дар мусулмонӣ намиред) (Сураи Оли Имрон: 102) (Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло парво кунед ва сухани рост ва дуруст бигӯед [Парҳезгор ва ростгӯ бошед] то Аллоҳ Таъоло корҳоятонро ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро биёмӯрзад ва [бидонед] ҳар кӣ аз Аллоҳ Таъоло ва Паёмбараш итоат кунад, яқинан ба комёбии бузурге даст ёфтааст. (Сураи Аҳзоб: 70 - 71)
رواه أبو داود والترمذي والنسائي وابن ماجه وأحمدИбни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба онҳо хутбаи ҳоҷатро омӯхт. Хутбаи ҳоҷат он аст, ки дар оғози суханронӣ дар хутбаҳо ва хутбаҳои мавриди ниёз, монанди хутбаи никоҳ ва хутбаи ҷумъа ва ғайра гуфта мешавад. Ин хутба дорои маъонии бузург аст, аз ҷумла баёни сазовор будани Аллоҳ Таъоло барои ҳамагуна ситоиш, ва танҳо аз Ӯ, ки ягона ва бидуни шарик аст талаби ёрӣ кардан, то Ӯ Таъоло гуноҳони моро бипӯшонад ва аз онҳо даргузарад ва аз ҳама бадиҳо, бадиҳои нафс ва ғайра ба Ӯ Таъоло паноҳ бибарем. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки ҳидоят ба дасти Аллоҳ аст, пас ҳар киро Ӯ Таъоло ҳидоят кунад, ӯро гумроҳкунанда нахоҳад буд ва ҳар киро гумроҳ кунад, ҳидояткунандае нахоҳад буд. Сипас аз шаҳодати тавҳид ёдовар шуданд, яъне "нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ" ва шаҳодати рисолат яъне "Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯ Таъолост" Паёмбари Худо ин хутбаро бо се ояти мазкур хотима бахшиданд, ки шомили тақво ва тарс аз Аллоҳ, бо анҷоми авомир ва дурӣ аз навоҳии Ӯ Таъоло ба қасди касби ризояти Аллоҳ Таъоло аст. Подоши ҳар кӣ чунин кард барояш гуфтору кирдори нек, омӯрзиши гуноҳон, зиндагии осоишта дар дунё ва дарёфти биҳишт дар охиратро хоҳад дошт.
Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Никоҳ вуҷуд надорад, магар бо ҳузури валӣ"
رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمدПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён карданд, ки никоҳи зан дуруст нест, магар бо валие (падар), ки никоҳро анҷом медиҳад.
Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки ӯ фармуд: "Ҳар кас, ки муоҳад (кофире, ки бо аҳду паймон дар ватани мусалмонон даромадааст)-ро бикушад, бӯи биҳиштро эҳсос намекунад, ҳарчанд, ки бӯи он аз масофаи чиҳил сол ба машом мерасад."
رواه البخاريПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳдиди сахтеро баён мекунад, ки ҳар ки паймонбастаеро бикушад - яъне кофире, ки бо паймон ва амният ба сарзамини Ислом ворид шудааст - бӯи биҳишт ба машомаш нахоҳад расид, бо вуҷуди он ки бӯи биҳишт аз масофаи чиҳил сол ба машом мерасад.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: "Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ришвадиҳанда ва ришвагирандаро дар ҳукм лаънат намудаанд."
رواه الترمذي وأحمدПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ришвадиҳанда ва ришвагиранда дуои дур ва берун шудан аз раҳмати Аллоҳро карданд. Ришва молест, ки ба қозиҳо (судяҳо) дода мешавад, то ба фоидаи касе, ки тарафи онҳо аст, ҳукм кунад ва дар натиҷа ришвадиҳанда ба ноҳақ ба ҳадафи худ даст ёбад.
Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар гоҳ муаззин гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва яке аз шумо (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Сипас (муаззин) гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ. Сипас гуфт: Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ. Сипас гуфт: Ҳайя алас-салот, (дар посухаш) гуфт: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Сипас гуфт: Ҳайя алал-фалоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Сипас гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Сипас гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ, инҳоро аз самими дил гуфт, ба биҳишт дохил шавад".
رواه مسلمАзон эълони фаро расидани вақти намоз ба мардум аст. Ва калимаҳои азон, мафҳуми ҷомеи ақидаи имонро дар бар мегирад. Дар ин ҳадис Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳангоми шунидани азон чи муқаррар шудааст. Яъне, ин ки шунаванда ҳамон чизеро бигӯяд, ки муаззин мегӯяд. Ҳаргоҳ муаззин "Аллоҳу акбар" гуфт, шунаванда низ "Аллоҳ акбар" бигӯяд ва ғайра, магар дар ҳолати шунидани "Ҳайя алас-салот", "Ҳайя алал-фалоҳ", шунаванда мегӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ". Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар касе инро аз самими дил ва холисона ҳамроҳи муаззин такрор кунад, вориди биҳишт мешавад. Маънои калимаҳои азон: "Аллоҳу акбар": Яъне, Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло азимтар, гиромитар ва бузургтар аз ҳама чиз аст. "Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ": Яъне, гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди ба ҳақ, магар Аллоҳ. "Ашҳаду анна Муҳаммадан расулаллоҳ": Яъне, иқрор мекунам ва бо дилу забонам гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Аллоҳ ӯро фиристодааст ва итоат аз ӯ воҷиб аст. "Ҳайя алас-салот": Яъне, ба сӯи намоз бишитобед. Ва шунаванда дар посухи он мегӯяд: "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ": Яъне, роҳе барои раҳои аз монеаҳои тоат нест ва қудрате барои анҷоми он нест ва тавоне барои анҷоми коре нест, магар ба тавфиқи Аллоҳ Таъоло. "Ҳайя алал-фалоҳ": Яъне, бишитобед ба сӯи растагорӣ, манзур аз растагор шудан, ворид шудан ба биҳишт ва наҷот ёфтан аз оташи дӯзах аст.
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе, ки намозеро фаромӯш кунад, пас, чун ба ёдаш ояд, адояш кунад ва (ин кораш) каффорае ҷуз ин надорад: (Ва барои ёди ман намоз бар по дор) (Тоҳо, ояти 14).
متفق عليهПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ додааст, ки ҳар ки намози фарзро фаромӯш кард, то ин ки вақташ гузашт, бояд ба маҳзи ёдоварӣ онро қазоӣ бихонад, зеро гуноҳи тарки он, каффора ва поккунандае надорад, магар ин ки мусалмон ҳарвақт ба ёдаш омад, онро адо кунад. Худованд дар китоби каримаш мефармояд: "Ва барои ёди ман намоз бар по дор." (Сураи Тоҳо, ояти 14). Яъне, намози фаромӯшшударо ҳаргоҳ ба ёд овардӣ бихон.
Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: “Ширхорагӣ ҳамон чизҳоеро ҳаром мегардонад, ки вилодат (насаб) ҳаром мекунад”.
متفق عليهПаёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ширхорагӣ ҳамон чизҳое ҳаром мегардад, ки аз ҷиҳати таваллуд ва насаб ҳаром аст, мисли тағоӣ, амак ё бародар... Ва он чи ки аз ҷиҳати ширхорагӣ иҷозат дода мешавад, ҳамон чиз аст, ки аз ҷиҳати таваллуд иҷозат дода мешавад.
Аз Абуҳаврои Саъдӣ ривоят аст, ки гуфт: Ҳасан ибни Алӣ (разияллоҳу анҳумо)-ро гуфтам: Чи чизро аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ёд дорӣ? Гуфт: Аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) инро дар ёд дорам, ки фармуданд: "Он чизеро, ки дар (бораи дуруст будани) он шак дорӣ, тарк кун ва ба он чизе рӯй биёр, ки дар он шак надорӣ, Зеро ростгӯӣ оромиш меорад ва дурӯғ, шакку шубҳа ба вуҷуд меорад".
رواه الترمذي والنسائي وأحمدПаёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки: Он чизеро, ки дар дурустияш шубҳа дорӣ, хоҳ гуфтор бошад, ё амал, дар ҳаром будан ё набудан, ҳалол ё ҳаром будан, тарк кун, ва рӯй биёр ба он чизе, ки дар дурустӣ ва ҳалол буданаш яқин дорӣ. Зеро қалб ба чизе, ки ҳалол ва некӯ будани он маълум аст, ором мегирад ва ба он мутмаин мешавад. Аммо ҳар он чи шубҳаовар аст, қалбро ба изтироб ва нороҳатӣ меандозад.
Аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Раво нест рехтани хуни фарди мусалмон, магар ба яке аз се чиз: зан ё марди издивоҷ кардаи зинокор ва (қатли) ҷоне ба (қасоси) ҷон (-и дигар) ва касе, ки тарки дини худ кунад ва аз ҷамъияти мусалмонон ҷудо шавад".
متفق عليهПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки хуни мусалмон ҳаром аст, магар дар ин се ҳолат: Аввал: Касе, ки пас аз издивоҷи саҳеҳ (яъне бо ақди дуруст ва шаръӣ) даст ба фоҳишагии зино занад, чунин шахс барояш ҷазои қатл тавассути сангсор (раҷм) ҷорӣ мегардад. Дувум: Касе, ки як инсони маъсумро қасдан ва ноҳақ бикушад. Бо фароҳам шудани шароити қасос, (қотил) кушта мешавад (яъне барояш ҷазои қатл бо қасос татбиқ мегардад). Сеюм: Касе, ки аз ҷамоати мусалмонон хориҷ шавад, хоҳ бо тарки дини Ислом ба куллӣ (яъне, комил аз Ислом рӯй гардондан), ё ҷузъӣ (яъне, тарки баъзе аз аҳкоми дин) бошад, монанди исёнгарон, роҳзанҳо ва муҳорибон аз гурӯҳи хавориҷ ва ғайра.