





























Hadeeth Cards
Da'wa cards that highlight great meanings from the noble prophetic hadiths in a simple style and attractive display that helps the Muslim to have a deeper understanding of his religion in an easy way
All
Аз Абумарсади Ғанавӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред".
رواه مسلمПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз нишастан бар қабрҳо наҳй фармуданд. Ҳамчунин аз намоз хондан ба сӯи қабрҳо наҳй фармуданд, яъне қабр дар тарафи қиблаи намозгоҳ бошад, зеро он яке аз василаҳои ширк аст.
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
متفق عليهПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Исломро бо панҷ рукни он ба биное ташбеҳ кардааст, ки бар ин панҷ рукн устувор аст ва боқимонда вижагиҳои Ислом монанди комилкунандаҳои ин бино ҳастанд. Аввалини он рукнҳо, шаҳодатайн аст. Яъне, гувоҳӣ додан бар ин ки ҳеҷ илоҳи барҳаққе нест, ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст. Ва ин ду шаҳодат як рукнанд, ки аз якдигар ҷудо намешаванд. Банда бо эътироф ба ягонагии Аллоҳ ва сазовори ибодат будани Ӯ ба ягонагӣ ва дар ҳоле, ки ба муқтазои он амал мекунад ва ба паёмбарии Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) имон овардааст ва аз ӯ пайравӣ мекунад, ин (шаҳодатайн)-ро ба забон меорад. Рукни дуввум: Барпо доштани намоз аст. Ин рукн намозҳои панҷгонае, ки дар як шабонарӯз аст, монанди бомдод, пешин, аср, шом ва хуфтанро бо ҳама шартҳо, рукнҳо ва воҷиботашон дар бар мегирад. Рукни севум: Адо намудани закоти фарзӣ. Ин ибодати молии воҷибест, ки чун молу сарвати (шахси мусалмон) ба миқдори муайянкардаи шариат бирасад, (миқдори муайянкардаи шариатро гирифта) ба афроди мустаҳиқ дода мешавад. Рукни чаҳорум: Ҳаҷ, яъне сафар кардан ба Макка барои адои маросимҳои ҳаҷ, ба хотири ибодати Аллоҳ Таъоло. Рукни панҷум: Рӯзаи моҳи Рамазон. Даст кашидан аз хӯрдану нӯшидан ва дигар шиканандаҳои рӯза ба нияти ибодати Аллоҳ аз тулуи фаҷр то ғуруби офтоб.
Аз Суфён ибни Абдуллоҳи Сақафӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй паёмбари Аллоҳ! Дар мавриди Ислом ба ман сухане бигӯ, ки ҷуз ту аз касе напурсам. Фармуданд: "Бигӯ: Ба Аллоҳ имон овардам, сипас истиқомат биварз (рост бош)".
رواه مسلم وأحمدСаҳобии гиромӣ Суфён ибни Абдуллоҳ (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хост, ки барояш суханеро бигӯяд, ки маънои Исломро фарогир бошад, то ба он пойбанд шавад ва дар бораи он аз касе дигар напурсад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барояш гуфт: Бигӯ: Аллоҳро ба ягонагӣ шинохтам ва имон овардам, ки Ӯ Парвардигор ва Илоҳ ва Холиқ ва Маъбуди ба ҳаққи ман аст ва шарике надорад. Сипас бо иҷрои фарзҳои Аллоҳ ва тарки ҳаромкардаҳои Ӯ ва пойдорӣ бар он ба итоати Аллоҳ идома медиҳад.
Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Миёни шахс ва ширку куфр, тарки намоз аст."
رواه مسلمПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарки намози фарз ҳушдор дода ва баён намуданд, ки миёни шахс ва афтоданаш дар ширк ва куфр, тарки намоз аст. Зеро намоз дувумин рукни аркони Ислом аст, ки дар Ислом аҳамияти бузурге дорад. Агар касе воҷиб будани намозро инкор карда, онро нахонад, бо иҷмоъи мусалмонон кофир мешавад. Вале агар онро аз рӯйи саҳлангорӣ ва танбалӣ ба таври комил тарк кунад, кофир аст ва иҷмоъи саҳобаро дар ин бора нақл кардаанд. Ва агар гоҳ таркаш кунад ва гоҳ адояш кунад, дучори ин таҳдид ва ваъиди шадид қарор дорад.
Аз Бурайда (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Паймоне, ки миёни мо ва онҳост, намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст."
رواه الترمذي والنسائي وابن ماجه وأحمدПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки аҳду паймон миёни мусалмонон ва дигарон, аз ҷумла кофирону мунофиқон намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст.
Аз Ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то ин ки онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва намозро бигузоранд ва закот бидиҳанд. Пас, вақте чунин карданд, ҷон ва молашонро аз ман ҳифз кардаанд, магар ба ҳаққи Ислом ва ҳисобашон назди Аллоҳ аст".
متفق عليهПаёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки Аллоҳ ба ӯ амр кардааст, бо мушрикон биҷангад, то онҳо гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳи ягонаи бешарик нест ва гувоҳӣ диҳанд, ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фиристодаи Аллоҳ аст. Ва ба муқтазои ин шаҳодат амал кунанд. Аз ҷумла, пойбандӣ ба намозҳои панҷгона дар шабонарӯз ва додани закоти фарзӣ ба мустаҳиқони он. Пас, агар ин корҳоро анҷом диҳанд, Ислом хун ва моли онҳоро ҳифз мекунад, аз ин рӯ, куштани онҳо ҷоиз нест, магар ин ки ҷурмеро муртакиб шаванд, ки бинобар аҳкоми Ислом сазовори куштан шаванд. Сипас Аллоҳ Таъоло ҳисоби онҳоро ба уҳда дорад, зеро Аллоҳ аст, ки аз ниҳони онон бохабар аст.
Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба дурустӣ, Худо ба хотири ман аз умматонам хатову фаромӯшӣ ва он чиро, ки бар он маҷбур карда шудаанд, гузашт кардааст".
رواه ابن ماجه والبيهقي وغيرهماПаёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки Аллоҳ Таъоло барои уммати ӯ се ҳолатро афв кардааст: Аввал: Хато, яъне коре, ки бе қасд ва ният анҷом мешавад. Мусалмон мехоҳад кори дурустеро анҷом диҳад, вале амалаш баръакси қасдаш мебарояд. Аллоҳ дар чунин ҳолат афв мекунад, зеро он амдан набудааст. Дуюм: Фаромӯшӣ, яъне мусалмон чизеро дар ёд дорад, вале дар вақти амал онро фаромӯш мекунад. Дар чунин ҳолат низ бар ӯ гуноҳ нест, зеро фаромӯшӣ аз табиати инсон аст ва Аллоҳ Таъоло чунин ҳолатҳоро афв кардааст. Сеюм: Иҷбор, яъне шахсро маҷбур мекунанд, ки амале анҷом диҳад, дар ҳоле ки ӯ анҷом додани он амалро намехоҳад, вале наметавонад маҷбуриро бартараф кунад. Дар чунин ҳолат, бар ӯ гуноҳ нест ва гунаҳкор шуморида намешавад. Бо таваҷҷуҳ ба он ки мавзуи ҳадис дар мавриди он чи байни банда ва Парвардигораш дар анҷоми кори мамнуъ аст, аммо агар касе фармонеро (фаризае) фаромӯш карда тарк кунад, воҷиб аз ӯ соқит намешавад, бояд онро ҷуброн кунад (масалан, намози фаромӯшшударо қазо дорад). Агар амали ӯ, ҳарчанд хато ё маҷбурӣ анҷом шуда бошад, ба дигарон зиён расонад, ҳаққи мардум соқит намешавад. Масалан, агар касе нохост одаме кушта бошад, бар ӯ дия (ҷаримаи хун) лозим аст. Агар мошини касеро беқасд вайрон кунад, бояд зарарро ҷуброн кунад. Хулоса, ҳадис дар ҳаққи гуноҳони шахсӣ байни банда ва Худо сабукӣ медиҳад, вале ҳаққи мардум ҷуброн намешавад.
Аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будам, дар ҳоли роҳ рафтан ба ӯ наздик шудам ва ба ӯ гуфтам: Эй Пёмбари Худо, аз амале бароям бигӯ, ки маро ба биҳишт дохил кунад ва аз оташи дӯзах дур созад". Паёмбар гуфт: «Ба дурустӣ, маро аз (коре) бузург суол кардӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад: Худоро ибодат кунӣ ва ба Ӯ ҳеҷ чизро шарик муқаррар насозӣ; ва намоз бигузорӣ; ва закот бидиҳӣ; ва (моҳи) Рамазонро рӯза бидорӣ; ва Хонаро ҳаҷ бикунӣ». Сипас гуфт: «Оё туро ба дарвозаҳои хайр далолат кунам?: Рӯза сипар аст (ки рӯзадорро аз азоби дӯзах нигоҳ медорад); ва садақа гуноҳро маҳв месозад, ҳамчуноне, ки об оташро хомӯш месозад; ва (дигаре аз дарвозаҳои хайр) намози мард дар нимаи шаб (аст)». (Ровӣ) гуфт: "Пас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (ин оятро) тиловат кард: (Дар ними шаб) паҳлӯҳояшон аз бистарҳо дур мешавад (ва хоби ширинро тарк гуфта ва ба ибодати Парвардигорашон мепардозанд) [Сураи Саҷда, ояти 16]. Сипас гуфт: «Оё туро аз саромади ҳамаи корҳо, сутуни он ва баландтарини он хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Гуфт: «Саромади корҳо ислом аст, сутуни он намоз аст ва баландтарин мақоми он кӯшиш барои пешрафти дин аст». Сипас гуфт: «Оё туро аз асли ҳамаи онҳо хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Пас ба забонаш ишора карду гуфт: «Инро нигоҳ дор!» Гуфтам: "Эй Паёмбари Худо, оё барои он чи мо мегӯем, накӯҳиш карда мешавем?" Сипас гуфт: «Модарат дар мотамат нишинад, магар одамонро бар рӯйҳояшон - ё ин ки гуфт: бар биниҳояшон– ба ҷуз маҳсули бади забонҳояшон боз барои чизи дигаре ба оташ меафкананд?!» [Яъне ҷазои касе, ки дар байни мардум бадгӯӣ карда мегардад ин аст, ки ӯ аз рӯяш ва ё аз бинияш кашида-кашида ба дӯзах андохта мешавад].
رواه الترمذي وابن ماجه وأحمدМуъоз (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будам ва рӯзе ҳангоми роҳ рафтан ба ӯ наздик шудам ва гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! барои ман амалеро бигӯ, ки манро ба биҳишт дохил кунад ва аз дӯзах дур созад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Дар бораи чизе аз ман пурсидӣ, ки амал карданаш бар инсонҳо бузург аст. Аммо он бар касе, ки Худо барояш осон гардонад, осон аст. Фарзҳои Исломро анҷом деҳ: Якум: Танҳо Аллоҳро ибодат кун ва касеро бо Ӯ шарик қарор мадеҳ. Дувум: Намозҳои панҷгона (бомдод, пешин, аср, шом, хуфтан)-ро дар шабонарӯз бо шартҳо, аркон ва воҷиботаш анҷом бидеҳ. Севум: Закоти фарзиро бидеҳ. Ин ибодати молист, ки дар ҳар моле, ки ба ҳадди муайяни шаръӣ расида бошад, бароварда ва ба соҳибҳаққонаш дода мешавад. Чаҳорум: Моҳи Рамазонро рӯза бигир. Яъне, худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва дигар ботилкунандаҳои рӯза бо нияти ибодат, аз тулӯи субҳ то ғуруби офтоб. Панҷум: Бо қасди адои маносик ба Макка меравӣ ва бо нияти ибодат ба Худованд ҳаҷҷи байтуллоҳ (Каъба)-ро анҷом медиҳӣ. Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Оё ба он роҳе, ки туро ба сӯи дарҳои некӣ мебарад, роҳнамоӣ кунам? Он роҳ анҷом додани навофил баъди фароиз аст: Аввал: Рӯзаи нафлӣ, ки инсонро аз воқеъ шудан дар гуноҳон нигоҳ медорад, тавассути шикастани шаҳват ва заиф сохтани нерӯи нафс. Дуюм: Садақаи нафл (ихтиёрӣ) гуноҳро пас аз анҷомаш хомӯш мекунад, онро аз байн мебарад ва асарашро пок месозад. Севум: Намози таҳаҷҷуд, ки дар сеяки охири шаб хонда мешавад. Сипас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ин оятро хонд: (Паҳлуҳои онҳо аз бистарҳо дур мешаванд) (Парвардигори худро (бо намоз, зикр, тиловат ва дуо) мехонанд) (Аз рӯи тарсу умед ва аз он чи ба онон додаем инфоқ мекунанд, ҳеҷ кас намедонад чи неъматҳое, дар рӯзи қиёмат, ки боиси равшании чашмони онон мешавад ва неъматҳои биҳиштро барояшон ниҳон доштаем), (ҳамчун подоши аъмоле, ки анҷом медоданд). Сипас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Оё туро аз асли дин ва сутуни он, ки ба он такя дода шудааст ва баландтарин қуллаи он хабар диҳам? Муъоз (разияллоҳу анҳу) гуфт: Оре, эй Паёмбари Аллоҳ. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Саромади корҳо ислом шаҳодатайн аст ва бо ин ду инсон соҳиби асли дин мешавад. Ва сутуни он намоз аст, пас ислом бидуни намоз вуҷуд надорад. Чунон ки хона бесутун намешавад, пас ҳар ки намоз хонад динаш муҳкам ва манзилаташ боло меравад ва баландтарин мақоми он ҷиҳод ва кӯшиш намудан дар мубориза ва ҷанг бо душманони дин барои пешрафти дин аст. Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Оё намехоҳӣ аз комилсозӣ ва неку анҷом додани он чи гузашт, туро хабар диҳам? Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба забони худ ишора карда, гуфт: Инро нигоҳ дор (яъне, забонатро) ва дар бораи чизе, ки ба ту рабте надорад, ҳарф мазан. Муъоз гуфт: Оё Парвардигори мо моро ба ҳар чизе, ки ба забон меорем, бозхост ва ҳисобу ҷазо мекунад? Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Фақадатка уммука!" — яъне: Модарат туро гум кунад! Аммо мақсад аз ин лаънат ё дуои бад нест, балки ин ибораест дар забони арабӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ва танбеҳ додан ба чизе муҳим. Сипас фармуданд: Оё мардумро ба хотири ҳосили забонҳояшон (яъне гуфторашон) рӯбарӯ ба дӯзах намеандозад? Аз қабили: куфр, туҳмат, дашном, ғайбат, суханчинӣ, буҳтон ва монанди инҳо.
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд. Ва Худои Таъоло мефармояд: ﴾Эй паёмбарон аз покизаҳо бихӯред ва корҳои шоиста бикунед, ки ман ба он чи анҷом медиҳед, огоҳам﴿ [Сураи Муъминун, ояти 51]; ва муъминонро фармуд: ﴾Эй муъминон! Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред﴿ [Сураи Бақара, ояти 172]. Сипас Паёамбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро зикр кард, ки сафари дуру дарозе мекунад, бо мӯйҳои парешону гардолуд, дастонашро ба сӯйи осмон бардошта мегӯяд: "Эй Парвардигори ман, Эй Парвардигори ман!" Дар ҳоле, ки таому шароб ва либосаш аз ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас дар чунин ҳол чӣ гуна (дуои ӯ) иҷобат мешавад?!"
رواه مسلمПаёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло поку муқаддас аст, аз ҳар гуна нуқс ва айб орӣ ва бо тамоми сифатҳои комил ороста аст. Ӯ танҳо амалҳо, гуфторҳо ва эътиқодҳои покро мепазирад, яъне он чи холисона барои Худост ва мувофиқ ба суннати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Пас, набояд касе ба Аллоҳ наздик шавад, магар бо он чи пок ва дуруст аст. Аз бузургтарин сабабҳои қабул шудани амалҳо, пок будани хӯроки банда аст, яъне аз ҳалол будани ризқаш. Агар хӯрданаш ҳалол бошад, амалаш низ пок мешавад. Бар ҳамин асос, Аллоҳ ба муъминон ҳамон чизеро амр кардааст, ки ба паёмбарон фармудааст: хӯрдани ҳалол ва анҷоми аъмоли солеҳ. Худованд мефармояд: (Эй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам), дар ҷои дигар мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред). Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз хӯрдани ҳаром, ки амалро фосид месозад ва монеи қабул шудани он мегардад, ҳушдор доданд, ҳарчанд инсон тамоми сабабҳои зоҳирии қабулро анҷом диҳад. Аз ҷумлаи ин сабабҳо: Аввал: Сафар кардан ба хотири тоатҳо, монанди ҳаҷ, ҷиҳод, силаи раҳм ва ғайра. Дувум: Зоҳири номураттаб: мӯйҳои парешон ва шона назада, хоколуд, либоси ифлос, яъне дар ҳолати ночорӣ ва ниёзмандӣ. Севум: Дастони худро ба сӯи осмон барои дуо мебардорад. Чаҳорум: Бо номҳои Аллоҳ дуо мекунад ва бо исрор мегӯяд: "Ё Рабб! Ё Рабб!" Аммо бо вуҷуди ин ҳама нишонаҳои иҷобати дуо, дуояш қабул намешавад! (Чаро?) Зеро хӯрокаш ҳаром, нӯшокиаш ҳаром, либосаш ҳаром ва бо ҳаром парвариш ёфтааст. Пас, имкон надорад дуои касе, ки дорои ин гуна хусусиятҳо аст, қабул шавад. Чӣ гуна дуои касе, ки бо ҳаром бузург шудааст, қабул шавад!?